ҲУШДОР АЗ ЭҲТИМОЛИ ОМАДАНИ СЕЛҲОИ НАВ ТО САНАИ 7 АПРЕЛ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри як огоҳӣ бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 3-7 апрели соли 2023 бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои 4-6-уми апрел дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи ахир дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон боронҳои пуршиддат алакай боиси омадани сел шудаанд. Рӯзи 31 март як кӯдаки ҳафтсола аз деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод, ки барои бародари подабонаш ба кӯҳ хӯрок мебурд, дар роҳ зери сел монда, ҳалок шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳушдораш зикр кардааст, ки бар асари боришоти шадид ин гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ метавонанд пеш биоянд:
— эҳтимоли афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо, маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳо бар асари хатари селҳо дар роҳҳои мошингард;
— дар сурати вайрон шудани системаи захбурҳо, ҷӯйҳо ва каналҳо аз серборишӣ эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин;
—эҳтимоли зери об мондани қисмате аз роҳҳо, болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо ва берун шудани он аз маҷро ва ҷорӣ гаштанаш дар роҳҳо, ки метавонад сабаби зери об шудани майдонҳои кишти сари роҳ гардад.
Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, шикастани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, иншооти таблиғотиву рекломҳо шавад.
Аз ин рӯ, кумита аз ҳама хостааст, ки ҳангоми дар берун будан аз наздик шудан ба хатҳои интиқоли барқ, дарахтон, лавҳаҳои таблиғотӣ ва иншооти камэътимод худдорӣ намоед.
Кумита аз сокинон хостааст, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Дар чунин рӯзҳои сербориш рафтан ба саҳрову доманкӯҳҳо ба қасди ҷамъварии занбӯруғ, чорворчаронӣ, моҳидорӣ ё шикор маслиҳат дода намешавад.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хостааст, ки дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо телефонҳои 112; (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 хабар диҳед.

