Хабарҳои кӯтоҳ

СУБҲИ 1 АПРЕЛ ТОҶИКИСТОНРО БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ЛАРЗОНД. МАРКАЗАШ – ДАР РАШТ

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, субҳи рӯзи 1-уми апрели соли равон соати 05:17 дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларза рух додааст.

Бино ба иттилои зилзиланигорони тоҷик, маркази ин заминларза  дар 132-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 51-километрии шимолу ғарби шаҳраки Ғарм дар қаламрави ноҳияи Рашт ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар маркази он 3 баллро ташкил додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ки ин хабарро нашр кард, ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 8 заминларза,  дар як моҳи охир 34 заминларза ва дар як соли охир 234 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардаанд.

Бар асари заминларзаи шаби 23 марти соли ҷорӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Комиссия ба хулоса омад, ки ин хонаҳои зарардида солҳои 70 ва 80-и асри гузашта сохта шудаанд ва ҳангоми бунёди онҳо қоидаҳо ва меъёрҳои сохтмону меъморӣ комилан риоя нашудааст. 

Ҳамаи ин сохтмонҳои зарардида дар ёнаҳо ва теппаҳо сохта шудаву онҳо таҳкурсӣ ҳам надоштанд. Дару девори ин хонаҳо фарсуда шуда ва муҳлати истифодаашон низ гузаштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button