ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК ХОНАНДАИ СИНФИ 10 ДАР КӮЛОБ ДАР ВАҚТИ ДАРС КУШТА ШУД

Субҳи 31 марти соли 2023 ду хонандаи синфи даҳуми мактаби миёнаи №5-и шаҳри Кӯлоб дар вақти дарс бо ҳам муноқиша кардаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар вақти муноқиша яке аз пушт дигариро корд задааст. Дар натиҷа хонандаи кордхӯрдаро бо ҷароҳати вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд. Мутаассифона, табибон натавонистанд ин хонандаро аз чанги марг наҷот диҳанд.  Ин наврас рӯзи 1 апрел дар шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб аз олам чашм пӯшид.

Хонандаи кордзанро, ки аз ҷои ҳодиса фирор карда буд, баъди чанде пайдо ва дастгир карданд. Сабаби муноқишаи хунини хонандагони ноболиғ, ки ба чунин оқибати маргбор овард, ҳанӯз маълум нест. Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Аз беморхонаи ба номи А.Ҳақназаров ба  нашрияи “Пайк” иттилоъ доданд, хонандаи МТМУ №5-ро субҳи ҷумъа, 31 март бо ҷароҳати вазнин ба бемористон оварданд. Дар натиҷаи ташхис маълум гардидааст, ки корд ба қисмати ҷигараш халонда шудааст.

Мактаби миёнаи №5 дар маркази шаҳри Кӯлоб дар кӯчаи Якуми май, дар наздикии Боғи марказӣ,  Донишгоҳи давлатӣ ва коллеҷи тиббии Кӯлоб ҷойгир шуда, яке аз мактабҳои калонтарини ин шаҳр ба шумор меравад.

Муноқишаҳои байни хонандагон як мушкили ҷиддӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳар сол бар асари чунин муноқишаҳо, ки ба занозаниҳои гуруҳӣ ва ҳатто ба кордзанӣ меанҷомад, чандин ноболиғ кушта ё захмӣ мешаванд.

Маҳмудҷон, хонандаи кушташудаи мактаби №5 ш. Кӯлоб

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Вакили мардумӣ Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффори Ҳамадонӣ гуяд:

    Мақомот бояд мактабу таълимгоҳҳоро бо 2-3 афсари полису посбон, занги махсуси огоҳкунанда (бонги хатар), гӯшаи ёрии аввалини тиббӣ ва камераҳои назоратӣ таъмин намояд. Махсусан дар шаҳру ноҳияҳои бузург, ки теъдоди хонандагон низ зиёд мебошанд. Мактабҳо бояд аз қабристонҳо дида оромтару бехатар бошанд, дар онҷо кӯдакону омӯзгорони бегуноҳ таълиму дарс мегиранд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button