ВидеоДин ва боварҳоЧеҳраҳоҶомеа

БОЗ ЯК КОРИ ХАЙРИ ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН: ДАСТУРХОНИ ИДОНА БАРОИ 1041 КӮДАК ВА КУМАК  БА 420 ОМУЗГОР (52 АКС)

Соҳибкори дастбахайри тоҷик, раҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил” Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов бахшида ба иди Наврӯз дар мактаб-интернатҳои пойтахт, шаҳри Душанбе барои 1041 тарбиятгиранда дастархони идона ороста, ба 420 омӯзгор, мураббия ва дигар кормандони ин муассисаҳои таълимӣ кумакҳои пулӣ расонидааст.

Асомиддин Бобозода рӯзи 1 апрели соли 2023 бо нашри беш аз 50 акс аз ҷараёни ин маърака дар гуруҳи фейсбукии САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  хабар дод, ки аз  ҷумла, дар мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор барои 500 нафар дастархони идона ороста шуда, 140 корманд бо кумакҳои пулӣ ҳавасманд гардид. Ҳамчунин, ба ин муассиса ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ маводи гигиенӣ тақдим карда шуд.

“Дар чорабинӣ тазаккур дода шуд, ки дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва аёдати онҳо дар арафаи иду ҷашнҳо ҷиҳати беҳдошти шароити иҷтимоии маъюбону бепарасторон дар мамлакат ба анъана даромадааст. Ба ғамхорӣ фаро гирифтани табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии ҳукумати ҶТ маҳсуб шуда, дар ин раванд тадбирҳои судбахш амалӣ карда мешаванд”, менависад Асомиддин Бобозода.

Инчунин, барои 106 тарбиятгирандаи мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2 зиёфат дода шуда, ба 55 корманди ин муассиса маблағи пулӣ тақдим гардид. Ҳамин тавр, дар мактаб-интернати ёрирасони №3 43 корманд бо кумакпулӣ ҳавасманд гардида, барои 102 тарбиятгиранда дастархон ороста шуд.

Ҳамзамон, барои 70 тарбиятгирандаи мактаб-интернати №4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дастархон ороста шуда, ба 54 корманди ин муассиса маблағи пулӣ тақдим гардид.

Дар мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд барои 186 нафар дастархон ороста, 68 корманд бо кумакпулӣ ҳавасманд гардонида шуд.

Инчунин, дастархони идона барои 77 тарбиятгирандаи Хонаи кӯдакони синни томактабии №1 ороста шуда, ба 60 корманди он маблағи пулӣ дода шуд.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, вакили маҷлиси шаҳри Душанбе ва раҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил” бо амалҳои хайри худ ном баровардааст. Ӯ аз ҷумла дар ҳар иди Рамазону Қурбон ва идҳои дигар барои дастпарварони ятимхонаҳо, тифлони маъюб, сарбозон дастурхонҳои идона ташкил карда, барои оилаҳои ниёзманд кумакҳои хайрия ҷудо мекунад.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ҳамин тавр, дар солҳои охир тақрибан ба 20 оилаи ниёзманд хонаву дар туҳфа кардааст.

Аз ҷумла Ҳоҷӣ Маҳмудҷон тоза ҳафтае пеш, рӯзи 23 марти соли 2023, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон ва рӯзҳои иди Наврӯз ба се ятими кул аз як оила дар деҳаи Сӯфиёни ҷамоати Абдулло Абдулвосиев дар канори шаҳри Ваҳдат манзили нави истиқоматӣ тақдим кард. Бино ба иттилои хабарнигорони “Ховар” Рустам Ҷамилзода ва Тоҳирҷони Саид, ин манзили истиқоматие, ки ба се ятими кул туҳфа шуд, аз 4 ҳуҷра, долон, ошхона ва ҳаммом иборат буда, бар асоси тарҳи замонавӣ бунёд ёфтааст ва бо тамоми таҷҳизоти зарурии муосири барои пешбурди рӯзгор лозим таъмин мебошад. Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ҳамчунин ин се ятими кулро бо сару либос ва барои як муддат бо маводи хӯрокворӣ низ таъмин кардааст.

Ҳамчунин, ин соҳибкори дастбахайр ҷиҳати харидории симчӯбҳои оҳанин барои бо нерӯи барқ таъмин намудани деҳаи Сӯфиён харидории симчӯбҳои оҳанӣ 6600 сомонӣ  пул ҷудо кардааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ҳар рӯз даҳҳо нафари ниёзманд бо умед дар назди корхонаи Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов дар шаҳри Душанбе ҷамъ мешаванд ва ин соҳибкори дастбахайр кӯшиш мекунад, то ягон кас аз дари ӯ ноумед наравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button