ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БА БАРОДАРАШ ХӮРОК МЕБУРД… ДАР БОҒИ ҲАБИБ ЯК КӮДАКИ ҲАФТСОЛА ҚУРБОНИ СЕЛ ШУД

Рӯзи 31 марти соли 2023 як кӯдаки ҳафтсола аз деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод, ки барои бародари подабонаш хӯрок мебурд, зери сел монда, ҷон бохтааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимарӯзии 31 март, тахминан соати 12:55, сокини 7-солаи деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бо мақсади расонидани ғизо ба бародараш, ки дар кӯҳҳо чорвобонӣ мекард, ба роҳ баромадааст, вале дар ними роҳ зери сел монда, ба ҳалокат расидааст. Ин сел бар асари борони пуршиддат аз доманакӯҳҳо ҷорӣ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ҷасади кӯдак аз ҷониби сокинон пайдо карда шуда ва ба волидонаш супурда шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба пайвандони қурбонии сел изҳори таслият карда, ҳамзамон аз падарону модарон  хостааст,  фарзандонашонро, ки нури чашми онҳоянд, эҳтиёт кунанд.

“Дар чунин рӯзҳои боронӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ гарави аслии таъмини амнияти шумо ва атрофиёни шумост!” – гуфта мешавад дар иттилоияи ин ниҳод.

Рӯзи 31 март дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон борони сел ва жолаи сахт борида, боиси фурӯ рехтани селу обхезиҳо шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button