ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ТАЪҚИБИ ҶИНОИИ ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП БАРОИ АЛОҚАИ ҶИНСӢ БО ЯК СИТОРАИ ФИЛМҲОИ ШАҲВОНӢ

Доналд Трамп нахустин президенти собиқи Амрикост, ки ба зиддаш парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Рӯзи 30 марти соли 2023 ҳайъати ҳакамони додгоҳи минтақаи Манҳеттени шаҳри Ню-Йорк аз ифтитоҳи парванда ба зидди Трамп пуштибонӣ кард.

Дафтари додситони ҳавзаи Манҳеттен Элвин Брэгг, ки моҳи январ ҳайъати ҳакамонро барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашондани Трамп даъват карда буд, дар изҳороташ гуфт: “Шоми имрӯз мо бо адвокати ҷаноби Трамп дар тамос шудем, то масъалаи худро ба додситонии Манҳеттен супурдани ӯ ва эҳзори минбаъдааш ба додгоҳро маслиҳат кунем”.

Додситонӣ дар бораи парвандаи зидди Трамп тафсилоти дигар надод. Ин марбут ба яке аз чанд тафтиши аъмоли Трамп буда, сухан дар бораи барои сукуташ пул додани Трамп ба ситораи филмҳои шаҳвонӣ бо тахаллуси Сторми Дэниэлс (номи аслиаш – Стефани Клиффордс) меравад.

Бар асоси маводи парванда, қабл аз интихоботи соли 2012 Трамп ба воситаи адвокаташ ба Сторми Дэниэлс 130 ҳазор доллар додааст, то ки ӯ дар бораи алоқаи ҷинсии 10 сол аз он пеши онҳо дар ягон ҷо ҳарф назанад. Ба сари худ ин пардохт зиддиқонунӣ нест, вале Трамп ва адвокаташ инро ҳамчун пардохти ҳаққи хидматрасониҳои ҳуқуқии адвокат ҳуҷҷат кардаанд, ки сохтакории санадҳои ҳисоботӣ ба шумор меравад ва ҷавобгарии ҷиноиро ба дунбол дорад. Адвокат Майкл Коэн соли 2018 барои ин ба 3 соли зиндон маҳкум шуд, вале ба зидди Трамп, ки он вақт президент буд, ягон айбномаи расмӣ эълон нашуда буд.

Дэниэлс дар бораи алоқаҳои ҷинсиаш бо Трамп соли 2011 ба журналистон нақл карда буд. Вале Трамп алоқаи ҷинсӣ доштанаш бо ин ситораи филмҳои шаҳвониро қатъиян рад мекунад.

Трамп, ки дар аёлати Флорида ба сар мебарад, тибқи қонун бояд ба додгоҳи Ню-Йорк биояд ва додгоҳ ба эҳтимоли ғолиб ӯро ба ҳабс хоҳад гирифт. Аз Трамп мисли тамоми муттаҳамони дигар изи ангуштонашро  ва аз бару рӯбарӯ аксашон мегиранд.

Телевизиони амрикоии CBS бо такя ба адвокатҳои Трамп хабар дод, ки ба эҳтимоли ғолиб, Трамп ҳафтаи оянда худро ба додситонӣ таслим мекунад. Адвокати Трамп Сюзан Нечелес ба чанд нашрия гуфтааст, ки президенти собиқ ғолибан рӯзи сешанбе, 4 апрел ба додгоҳ ҳозир мешавад.

Доналд Трамп дар як изҳорот бо ишора ба намояндаи ҳизби демократ будани додситони Манҳеттен Эвин Брэгг гуфт, ки ӯ “ба ҷои Байден корҳои сиёҳро анҷом дода истодааст”.

Элвин Брэгг
Элвин Брэгг

Қарори маълум, Трампи феълан 76-сола, ки баъди пирӯзӣ дар интихоботи соли 2016 дар интихоботи соли 2020  аз Байден шикаст хӯрд, ҳоло азм дорад, дар интихоботи ояндаи президентӣ дар соли 2024 дигарбора аз ҳизби ҷумҳурихоҳ номзадиашро пешбарӣ карда, курсии раҳбари Амрикоро баргардонад. Президенти кунунӣ аз ҳизби демократ Ҷо Байден, бо вуҷуди ба 80 расидани синнаш, низ азми ҳифзи курсиашро дар сар дорад.

“Демократҳо бо ин дағдағаҳояшон ба зидди Трамп бепарда ба маъракаи пешазинтихоботӣ дахолат карда, дурӯғ ҳам гуфтанд, тақаллуб ҳам карданд, ва инак боз як амали тасаввурнопазирро анҷом дода, одами бегуноҳро айбдор карданд”, –  изҳор доштааст Трамп, ки ҳамзамон додситон Брэггро “одами дастнишондаи Ҷорҷ Сорос” ҳам ном бурд.

Намояндаи ҳизби демократ дар Маҷлиси намояндагони Конгресс Адам Шифф, ки ташаббускори таҳқиқоти парлумонӣ ба зидди Трамп аст, аз қарори ҳайъати ҳакамон ҳимоят кард.

“Айбномаи расмӣ ба зидди президенти собиқ бесобиқа аст. Вале аъмоли зиддиқонунии Трамп ҳам бесобиқа буд. Миллат бар асоси қонун бояд аз афроди сарватманду прунуфуз посухи амалҳояшонро талаб кунад. Ҳатто агар онҳо дар мансабҳои баланд бошанд. Ба вижа агар дар мансабҳои баланд бошанд”, – навишт Шифф дар Твиттер.

Аммо раиси Маҷлиси намояндагон Кевин Маккартии ҷумҳурихоҳ ваъда додааст, ки ба зидди додситон Брэгг таҳқиқоти парламентиро шурӯъ мекунад. Ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Трампро “интиқом аз рақиби сиёсӣ” номид.

Моҷарои Сторми Дэниэлс метавонад ба нақшаи Трамп барои иштирок дар интижхоботи ояндаи президентии Амрико таъсир гузоранд. Бар асоси назарзоҳии ҳафтае пеш дар байни аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико анҷомдодаи хабаргузории Ройтерс, 44 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ки агар ба зидди Трамп парванда кушоянд, ӯ бояд аз ширкат дар интихобот даст бикашад.

Парвандаи Трамп барои волии ҷумҳурихоҳи аёлати Флорида Рон Десантис, ки интизор меравад, рақиби асосии Трамп барои курсии номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихобот шавад, дарди сар эҷод кардааст.

Десантис қарори ҳайъати ҳакамонро дар мавриди Трамп маҳкум кард ва гуфт, аёлати Флорида “ба супурдани Трамп мусоидат нахоҳад кард”.

“Табдили низоми додгоҳӣ ба силоҳ барои расидан ба аҳдофи сиёсӣ асли ҳукми қонунро  чаппагардон мекунад. Ин хилофи арзишҳои Амрикост”, – навиштааст Десантис дар Твиттер.

Десантис ҳамчун волии аёлате, ки Трамп ба сар мебарад, дар як ҳолати ҳассосе қарор гирифтааст. Агар ӯ бо додситон ҳамкорӣ карда, ба эҳзори Трамп ба додгоҳ кумак кунад, ин метавонад қисме аз ҷумҳурихоҳон ва тарафдоронашро аз вай дур кунад. Агар ба додситонӣ мусоидат накунад, худаш метавонанд гирифтори мушкилот бо қонун шавад. Вале волии Флорида амалан ягон василаи қонунии ҳимоят аз Трампро дар ин вазъият надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button