ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ 600 ТОННА АНГИШТ ВА ДУЗДИИ “АЙФОН 11” ДАР МАРШРУТКАИ №1

Моҳи январи соли 2021, марди 42-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ 600 тонна маҳсулоти сӯзишвории ангиштиро ба маблағи 570 ҳазор сомонӣ гирифта, аз ин 170 ҳазор сомониашро дода, 400 ҳазор сомониашро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

ххххххххххххххххх

Марди 37-солаи сокини шаҳри Исфара моҳи октябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Исфара даромада бо баҳонаи ба соҳибкорӣ машғул шудан автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс 211»-ро ба маблағи 165 ҳазор сомонӣ ба тариқи насия гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

хххххххххх

 Марди 36-солаи сокини пойтахт 23-юми феврали соли 2023, тахминан соати 13:20, дар дохили хатсайри мусофиркашонии №1, дар назди ҶДММ «Бозори Корвон»-и шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ аз ҳамёни ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 11»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 31.03.2023

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобии алоқаманд ба харидуфӯруши сӯзишворӣ ва воситаи нақлиёт

14

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 45-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2021, марди 42-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 600 тонна маҳсулоти сӯзишвории ангиштиро ба маблағи 570 ҳазор сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 170 ҳазор сомониашро дода, 400 ҳазор сомониашро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия нисбати марди 37-солаи сокини шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст, ки ӯ моҳи октябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Исфара даромада бо баҳонаи ба соҳибкорӣ машғул шудан автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс 211»-ро ба маблағи 165 ҳазор сомонӣ ба тариқи насия гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ дар дохили нақлиёти мусофиркаш

122

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки 23-юми феврали соли 2023, тахминан соати 13:20-дақиқа, дар дохили хатсайри мусофиркашонии №1, дар назди ҶДММ «Бозори Корвон»-и шаҳри Душанбе шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳамёнаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 11»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button