ВидеоДин ва боварҳоТоҷикистонФарҳанг

МЕҲМОНОН АЗ САУДӢ АЗ МЕҲМОННАВОЗИИ ҶАВОНИ ТОҶИК ЧУНОН БА ВАҶД ОМАДАНД, КИ БА АСАДУЛЛО ВА ҲАМСАРАШ РОҲХАТИ ҲАҶҶИ УМРА ТУҲФА КАРДАНД (ВИДЕО)

Хабарнигори араб Файсал Абдулкарим бо нашри як видео дар Твиттер хабар дод, ки як ҳайъати расмӣ аз Арабистони Саудӣ аз меҳмоннавозии як ҷавони тоҷики кӯҳистонӣ бо номи Асадулло ончунон ба ваҷд омаданд, барои ӯву ҳамсараш роҳхатҳо ба Ҳаҷҷи умраро туҳфа карданд.

Ин ҳайъат бо шумули сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва раҳбари яке аз сандуқҳои кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон барои тақсими кумакҳо ба манотиқи зарардида раовн шудаанд. Дар роҳ вақти расидани шом як ҷавони комилан ношинос бо номи Асадулло онҳоро дар роҳ дида, барои ифтор ба манзили худ даъват кардааст.

Меҳмонон ин даъватро пазируфта, дар хонаи Асадулло рӯзаашонро кушодаанд. Дар навор дида мешавад, ки Асадулло барои меҳмонон дар боғи ҳавлиаш қолину кӯрпача партофта, дастурхони ифтор густурдааст.

Меҳмоннавозии ин ҷавон ончунон ба меҳмонон аз Саудӣ хуш омад, ки сафири Арабистони Саудӣ гуфт, омода ҳаст барои рафтани ӯ ба Ҳаҷҷи умра мусоидат кунад. Асадулло ин туҳфаро пазируфт ва гуфт, дилаш мехост, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба Ҳаҷ биравад. Раҳбари сандуқи кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон ба навбати худ гуфт, ки омода ҳаст харҷи сафари Ҳаҷҷи  ҳам Асадулло ва ҳам ҳамсари ӯро ба дӯш бигирад.

Дар навор дида мешавад, ки Асадулло аз ин туҳфаи ғайриинтизор хеле шод шуда, даст пеши бар ба меҳмонон арзи сипос мекунад.

Меҳмонон бо се фарзанди Асадулло низ ҳамсуҳбат шуданд ва аз онҳо пурсиданд, ки падару модарашон аз сафари Ҳаҷ барояшон чӣ туҳфа биоранд? Писари калонии Асадулло, ки ягон 7 ило 8 сол дошт, гуфт, мехоҳад барояш аз Макка ҷойнамоз биоранд. Ин посухи ӯ меҳмонони баландпоя аз Саудиро дигарбора ба ваҷд овард ва онҳо барои ин тифл каф кӯфтанд.

Меҳмоннавозӣ аз вижагиҳои хоси мардуми тоҷик аст, ки қариб ҳамаи онҳое, ки аз Тоҷикистон дида мекунанд, аз ин сифати ин мардум тавсиф мекунанд.

Аммо меҳмоннавозӣ дар деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон падидае нотакрор аст. Бо вуҷуди ҳатто дасти кам, мардуми кӯҳистон омодаанд охирин чизи худро пеши меҳмон бароранд ва он қадар дар истиқболу пазиронии меҳмонон ду дасти пеши бар ва забони ширин доранд, ки ногуфтанист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button