САБҚАТ ДАР РОҲ БОИСИ ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ БЕГУНОҲ ШУД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки 28-уми марти соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДАФ”, Саидов Ёқубҷон Мамараимович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Ш.Шоҳин бо мақсади сабқат (обгон) бо самти муқобили роҳ ҳаракат намуда, ба автомашинаи тамғаи “Леганзе”, таҳти идораи Сулаймонов Илҳом Анварҷонович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи “Леганзе”, Сулаймонов И.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили ин мошин Исмоилов Одилҷон Умарович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.