ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҶУНАЙДУЛЛО АЗ ҶАМОАТИ ЗАЙНАЛОБОД ҲАМ ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД

Ҷунайдулло Маҳмадуллои 33-соларо, ки бо гумони даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир дар Русия зиндон шуда буд, рӯзи 26-уми марти соли 2023 дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурдаанд. Ӯ моҳи феврал дар ҷанги Украина кушта шуд

Радиои Озодӣ рӯзи 30 марти соли 2023 аз қавли наздикони Ҷунайдулло хабар дод, ки ӯ  тирамоҳи соли гузашта ба ҷанги Украина ҷалб шудааст. То анҷоми ҳукмаш чор соли дигар монда будааст, вале ба гуфтаи наздиконаш, ба ӯ ваъда додаанд, ки агар шаш моҳ дар ҷанги зидди Украина иштирок кунад, пеш аз муҳлат озод мешавад.

Маҳмуд, як тан аз дӯстони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки моҳи январи имсол Ҷунайдулло захмӣ ва дар як беморхонаи саҳроӣ бистарӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти рус ба наздиконаш гуфтаанд, ки Ҷунайдулло ҳангоми ҳамла ба беморхонаи низомии саҳроӣ дар хоки Украина кушта шудааст.

Дар санаде, ки ҳамроҳи тобут фиристода шудааст, рӯзи марги ин маҳбуси тоҷик 8-уми феврал навишта шудааст.  Аз Ҷунайдулло ду кӯдаки ятим монд.

То имрӯз дар бораи кушта шудани беш аз 20 маҳбуси тоҷике, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина бурда шуда буданд, хабарҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳоро ширкати “Вагнер”, марбут ба Евгений Пригожин, як сармоядори наздик ба президенти Русия Владимир Путин, бо ваъдаи афву озодии зуд ба ҷанг мебарад.

Танҳо аз аввали моҳи март алакай ҷанозаҳои 5 маҳбуси тоҷикистонии дар ҷанги Украина кушташударо ба Ватан оварда, дар инҷо ба хок супурданд. Ин ба истиснои маҳбусони дигари кушташудаест, ки дар қабристонҳои вижаи ҷангҷӯёни ЧВК “Вагнер” дар кишвари Краснодар ва дар вилояти Маскав дафн карда мешаванд.

Аз ҷумла Ислом Саидмуродови 48-соларо рӯзи 23-юми март дар зодгоҳаш, деҳаи Тутқавули ҷамоати Пули Сангин дар канори шаҳри Норак дафн карданд. Ислом Саидмуродов ҳанӯз соли 2005 дар Русия ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда будааст.

Дар бораи кай ва чӣ гуна ва аз сӯи кӣ ба ҷанги Украина бурда шудани Ислом Саидмуродов ва каю чӣ гуна ва дар куҷои Украина кушта шудани ин маҳбуси тоҷик ягон маълумот нест.

Қурбоналӣ Саидмуродов, бародари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи ба ҷанги Украина рафтани бародараш хабар надошт. “Бори охир моҳи ноябри соли 2022 телефонӣ гап зада будем,” – гуфтаст Қурбоналӣ Саидмуродов. Аз Ислом Саидмуродов се фарзанд боқӣ монд.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод”  қаблан дар бораи дар Украина кушта шудани Манучеҳри Садриддин, соли таваллудаш 1992,  аз деҳаи Қулпистаи ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, Холёров Талабшо, соли таваллудаш 1991, аз маркази ноҳияи Шаҳритӯс ва Вячеслав Нижегородтсев, соли таваллудаш 1983, зодаи Душанбе, ки дини Исломро қабул карда, номашро ба Салмон иваз карда буд, хабар дод. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин маҳбусон ба таблиғоти мубаллиғони ҷанг дода шуда, бо  умеди зудтар ба озодӣ расидан ба ҷанги зидди Украина рафтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button