ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

400 РӮЗИ ҶАНГИ УКРАИНА: ҲАЗОРОН ҚУРБОНӢ, САДҲО ШАҲРУ ДЕҲОТИ БА ХОК ЯКСОН…

30-юми марти соли 2023 аз ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба хоки Украина 400 рӯз гузашт. Бисёриҳо бо натиҷагирӣ аз ин ҷанги, ба ақидаи бисёриҳо, бародаркуш менависанд, дар давоми ин 400 рӯз, артиши Русия натавонист ба ҳадафҳое, ки президент Владимир Путин ва атрофиёнаш мехостанд, бирасад ва зоҳиран Маскав барои муддати тӯлонӣ ва амиқ дар ботлоқи ҷанги Украина дармондааст. Ҳол он ки дар рӯзҳои аввал гумони бисёре аз тарафдорони Кремл ин буд, ки шикасти Украина чанд рӯз ё чанд ҳафта ва дери дер ягон моҳ хоҳад кашид…

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз мардуми русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Дар ҳафтаҳои аввали ҷанг артиши Русия дар ҳақиқат манотиқи зиёдеро таҳти тасарруфи худ даровард ва ҳатто барои гирифтани пойтахти Украина, шаҳри Киев низ кӯшишҳо намуд. Вале пас аз муддате артиши Украина бо намоиши муқовимати сахти ғайричашмдошт тавонист, ки нафақат монеи пешрафти нирӯҳои Русия шавад, балки батадриҷ қисме аз минтақаҳои ишғолшударо бозпас гирифт ва артиши Русияро водор ба ақибнишинӣ намуд.

Дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ ҳар ду тараф талафоти калони ҷонӣ доданд. Камбуди норасоии низомиён дар майдони ҷанг Русияро маҷбур намуд пас аз Ҷанги ҷаҳонии дуввум бори аввал ба басиҷкунии низомиён ва ё мобилизатсия рӯй биорад.

Дар моҳи сентябри соли 2022 президенти Русия барои басиҷкунии 300 ҳазор нафар фармон содир намуд, ки боиси фирори шумори зиёде аз шаҳрвандони Русия  ба нуқоти мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла ба кишварҳои Осиёи миёна, Қафқоз, Туркия ва дигар кишварҳо гардид.

Дар баробари басиҷкунӣ, ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер” бо роҳбарии як миллиардери наздик ба Путин Евгений Пригожин даст ба ҷалби маҳбусон барои фиристодан ба ҷанг зад. Бино ба  гузоришҳо, ЧВК Вагнер ноил шудааст ҳадди ақал 30 ҳазор маҳбусро аз зиндонҳои тамоми гӯшаю канори Русия ба ҷанги Украина фиристад.

Пас аз ақибнишини артиши доимии Русия аз Херсон ва нокомиҳои пайдарҳамаш дар хатти ҷабҳа, зархаридони “Вагнер” хостанд нирӯи худро дар намоиш гузошта, шаҳри Бахмутро аз дасти артиши Украина бигиранд, вале ба истодагарии сарсахтонаи нирӯҳои Украина дучор шуданд.

Артиши Русия якҷо бо зархаридони “Вагнер” ва басиҷиҳо муддати тӯлонӣ барои ишғоли ин шаҳри аз ҷиҳати стратегӣ на он қадар зарур, талош карда, бино ба гузоришҳо талафоти зиёде доданд.  Тӯл кашидани ҷангҳо барои тасарруфи Бахмут ҳатто танзҳоеро ба вуҷуд овард, ки “артиши №2 дунё” як сол боз як шаҳрчаро гирифта наметавонад.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтае пеш  истихбороти Британия гузориш дод, ки ҳамлаҳои пайдарҳами артиши Русия барои ишғоли шаҳри Бахмут дар чанд моҳи ахир бе натиҷа, пурталафот буд ва дар охир ноком шуд. Бино ба маълумоти ин манбаъ, нирӯҳои Русия зоҳиран ба тадриҷ аз қасди тасарруфи Бахмут даст кашида, рӯи самтҳои дигар тамаркуз карданианд.

Ҷониби Украина низ аз талафоти зиёди низомиёни худ хабар медиҳад, вале таъкид мекунад, ки “бо тамоми қимат аз Бахмут  дифоъ мекунад”.

Коршиносон бар он назаранд, ки барои ишғоли Бахмут ва пешрафт дар хатти ҷабҳа Русия ба нерӯи низомии иловагӣ ниёз дорад. Bloomberg рӯзи 24-уми март хабар дод, ки ҳукумати Русия нақша дорад дар давоми сол боз 400 ҳазор  низомиёни ҳирфавиро ба артиш илова кунад. Пештар аз дар моҳи декабри соли 2022 Сергей Шойгу вазири дифои Русия гуфта буд, ки “барои истодагарӣ намудан бо хатарҳо аз ҷониби нерӯҳои НАТО бояд саффи артиши Русияро аз 1 миллиону 150 ҳазор нафар то ба 1,5 миллион нафар афзоиш дод”.

Ҳамчунин вазорати мудофиаи Русия маҳдудиятҳои синниро низ аз байн бардошт. Қаблан танҳо шаҳрвандони Русия, ки то 40 сол ва хориҷиҳое, ки то 30 сол син доштанд, метавонистанд ба шакли шартномавӣ ба ивази маблағ дар сафи артиши Русия хидмат кунанд.

Вале истихбороти низомии Британия рӯзи 30 март гуфт, Русия ба ин шакл наметавонад 400 ҳазор нерӯи низомии ҳирфавии иловагӣ ҷамъоварӣ кунад. Аз ин лиҳоз ҳатман ҳукуматҳои маҳаллӣ шаҳрвандонро бо ҳар роҳ маҷбур мекунанд то ба сафи артиш бипайвандад.

“Ба назар мерасад, ки ҳукумати Русия барои пур кардани камбудии кадрӣ дар артиш ва кам кардани ихтилофи дохилию дар ҳарос нагузоштани мардум аз мавҷи нави басиҷкунӣ, ба истилоҳ “роҳи ихтиёрӣ”-ро пеш гирифтааст. Ба гумон аст, ки бо ин роҳ онҳо 400 ҳазор нафарро ба артиш ҷалб кунанд. Барои пешрафт дар майдони ҷанг дар Украина, Русия на танҳо ба сарбоз ниёз дорад, балки дар баробари он ба муҳиммот ва техникаҳои ҳарбии замонавӣ низ ниёзманд аст”, гуфта мешавад дар арзёбии истихбороти ҳарбии Британия.

Алакай дар охирҳои моҳи март дар беш аз 40 минтақаи Русия ба таври оммавӣ ба шаҳрвандон даъватномаи ҳарбӣ (повестка) фиристода шудааст то ба комиссариатҳои ҳарбӣ дар мӯҳлати муайяншуда ҳозир шаванд. Дар баробари он дар тамоми гӯшаю канори Русия таблиғи пайвастан ба артиш ба таври ҷиддӣ ба назар мерасад. Дар ин роҳ аз телевизиону радио сар карда то таблиғот дар сайтҳои порнографӣ истифода шуда истодааст.

Рӯзи 24-уми марти соли 2023 “Медиазона” ва ВВС хабар доданд, ки то кунун исми 18 ҳазору 33 афсари аскари дар Украина кушташудаи Русияро бо номҳояшон мушаххас кардаанд. Аз ҷумла, танҳо дар ду ҳафтаи охири моҳи март дар Украина 1249 басиҷшуда кушта шудаанд.

Вале истихбороти Амрико аз кушта ва захмӣ шудани беш аз 227 ҳазор сарбози Русия аз оғози ҷанги зидди Украина хабар медиҳад.

Охирин маротиба моҳи сентябри соли 2022 вазорати мудофиаи Русия  ҳалокати зери 6 ҳазор нафар аз афсарону аскаронашро тасдиқ карда буд.

Ҷониби Украина низ аз талафоти худ охирон маротиба моҳи декабри соли 2022 гуфта буд, ки наздик ба 13 ҳазор нафараш дар рафти ҷанг кушта шудаанд. Ва аммо матбуоти тарафдори Кремл менависад, ки ҷониби Украина то имрӯз наздик ба 257 ҳазор куштаю захмӣ додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Ҳамраъи Украина Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар симои Путин натанҳо террорист ва қоттилро мебинад, балки сармоягузори қатлу куштору терроризмро. Аз ин хотир аст, ки дастури боздошти ӯро содир карданд. Россияро тақдири иттифоқи шӯравӣ, яъне фурӯпошӣ интизор аст!

  2. Иншоалллох Амрикою Аврупои хуни мусулмонрез ки дар никоби Украина чанг дорад шикаст мехурад.Дар артиши Русия точикон зиёд хастанд.Илохо худованд нигох дорадашон.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button