ВидеоМуҳоҷирон

МАН НОҲАҚ БУДАМ… БЛОГЕРИ РУС КИРИЛЛ ШУЧЕР АЗ ХАЛҚИ ТОҶИК УЗР ПУРСИД (ВИДЕО)

Блогери рус Кирилл Шучер аз шаҳри Санкт-Петербург баъди аз бемористон ҷавоб шуданаш дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз мардуми тоҷик узр пурсид ва эътироф кард, ки ӯ ҳақ набуд.

Шучер гуфт, тайи 20 рӯзи дар бемористон қарор доштанаш арзишҳои худро аз нав бозбинӣ кард ва ба хулосае расид, ки зиндагиро набояд барои қаҳру ғазаб сарф кард. Ӯ ваъда дод, ки аз пулис аризаашро ба зидди ду ҷавони тоҷике, ки ӯро латтукӯб карда буданд, пас мегирад.

Шучер дар муроҷиатномааш гуфт:  “Салом, мусалмонони азиз. Ҳоло моҳи муқаддаси Рамазон идома дорад. Орзу дорам, ки ҳамаи Шумо ин моҳро хубу хуш таҷлил кунед. Ҳамчунин мехоҳам дар пеши шаҳрвандони Тоҷикистон ва мардуми тоҷик барои он видеои таҳқиромез ва ҷанҷоле, ки дар атрофаш ба по шуд, самимона узр бипурсам. Ман он видеоро алакай пок кардам. Зиндагӣ хеле кӯтоҳ аст, ки онро барои қаҳру ғазаб ва кинаю адоват харҷ кунем”.

Ёдовар мешавем, дар аввали моҳи феврали соли ҷорӣ, ин блогер дар як видеои наваш ба духтарони раҳгузар дар ивази “Айфон” пешниҳоди ҳамхобагӣ карда буд. Яке аз ин духтарон як духтари тоҷик буд, ки Кирилл Шучер дар кӯча як қуттии телефон дар дасташ пеши ин духтар омада, пешниҳод кард, ки дар ивази ин телефон бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунад.

Дар видео дида мешуд, ки дар аввал духтарак намефаҳмад, ки ин блогер аз ӯ чӣ мехоҳад? Ӯ иқрор мекунад, ки русиро хуб намефаҳмад. Шучер ҳамчунон талош мекунад, то ба ин духтар манзурашро бифаҳмонад, ки дар ивази телефон аз вай чӣ мехоҳад? Вале духтар пешниҳоди ӯро рад мекунад. Шучер баъди ин ба духтар пешниҳод мекунад, ки ӯро бибӯсад ва духтар бо хоҳиши пранкер аввал аз як бари рӯи ӯ ва сипас аз лабонаш бӯса мекунад.

Шучер иддао дошт, ки баъди ин видео нафарони зиёде аз зодагони Тоҷикистон ба ӯ таҳдид карда, талаб кардаанд, ки видеои ҷанҷоли аз Интернет пок карда, дигар ба духтарони тоҷик кордор нашавад. Вале Шучер талаби пок кардани видеоро рад кард ва гуфт, ӯ касеро ба ягон кор маҷбур накардааст ва он духтар бо хоҳиши худаш вайро бӯсид.

Дар ниҳоят ин ҳама ба муноқиша дар автобуси №228  дар Петербург печид. Ду ҷавони тоҷик Шучерро дар автобус дида, ӯро латтукӯб карданд. Ҳарду ҷавонро билофосила баъди латтукхби блогер раҳгузарон дастгир карда, ба пулис супурданд. Пулис дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми авбошӣ парванда кушод. Кирилл Шучер бошад барои 20 рӯз ба беморхона афтод.

Додгоҳ аввал он ду ҷавони тоҷикро ба ихроҷ аз Русия маҳкум кард. Вале рӯзи 20 март ҳардуро аз нав ба ҳабс гирифтанд ва ин бор дар чорчӯби парвандае, ки бо иттиҳоми авбошӣ ба зидди онҳо кушода шудааст. Ба онҳо бар асоси қонунҳои Русия то чанд соли зиндон таҳдид мекунад. Вале акнун, ки даъвогари асосӣ Кирилл Шучер аз даъвояш даст кашид, шояд ин ду ҷавони тоҷик ҳам бо ягон ҷазои сабуки шартӣ, барои мисол, бо ҷарима халос шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Дар миёни блогерони кӯчагӣ “пиар”, “хайп”, “провокатсия”, “пранк” ва “узрхоҳӣ” анъана шудааст ва барои ин кор ба қавли русҳо: «мать родную продают»!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button