ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ДУ АНГИШТКАН ДАР КОНИ АНГИШТИ ШӮРОБ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 27 марти соли 2023, соати 18:20,  дар кони ”Ангишти Шӯроб”, воқеъ дар шаҳраки Шӯроб дар канори шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар шимоли ҷумҳурӣ ба иллати ихроҷи гази карбон ду ангишткан ҷони худро аз даст додаанд. Яке аз онҳо 45 ва дуюмӣ 57 сол дошта, ҳарду сокинони Исфара будаанд.

Бино ба иттилои нашршудла, ба ҷойи ҳодиса фавран як дастаи Хадамоти ҷумҳуриявии ниманизомии наҷотдиҳӣ – кӯҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Хуҷанд фиристода шуд. Наҷотбахшон ҷасадҳои ҳалокшудагонро аз умқи кон берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Комиссияи Хадамоти назорати бехатарӣ дар саноат сабабҳои фоҷеаро таҳқиқ мекунад.

Ин нахустин мавриди ҳалокати ангиштканон дар кони ангишти Шӯроб нест.

Қариб ду сол пеш, 24 июли соли 2021 бар асари таркиш дар кони ангишти Шӯроб як нафар ба ҳалокат расида, чанд нафар захмӣ шуда буданд. Мақомот гуфтанд, таркиш аз газе, ки аз дохили нақбҳои зеризаминии кон хориҷ мешавад, ба амал омадааст. Ҳусейн Бобозода, сармуҳандиси кони ангишти Шӯроб гуфт, “ҳодиса тахминан соати 16:30 дақиқа рух дод ва Абдуманнон Тошбоев, сардори бригадаи коргарон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.” Тошбоев 61 сол дошт.

Бобозода гуфт, чунин садамаҳо хеле кам рух медиҳанд ва дар 10 соли охир ягон ангишткан дар кони Шӯроб ҳалок нашуда буд.

Кони ангишти Шӯроб  яке аз қадимитарин ва калонтарин конҳои ангишти Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар даврони Шӯравӣ дар ин кон 3 ҳазор нафар кор мекард ва солона 10 миллион тонна ангишт истеҳсол мешуд. Ҳоло солона аз ин кон 32 ҳазор тонна ангишт  истихроҷ мекунанд ва дар кони Шӯроб феълан ҳудуди 400 нафар кор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button