ВидеоМуҳоҷирон

ЯК МАРДИ ТОҶИКРО БАРОИ ТАҒЙИР ДОДАНИ МУҲЛАТИ ВИЗА АЗ ПОЛША ИХРОҶ КАРДААНД

Як шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистонро барои тағйир додани муҳлати визааш 600 злотих (баробари тақрибан 140 доллар) ҷарима баста, аз Полша ба Калинингради Русия ихроҷ кардаанд ва барои ду сол аз ҳаққи вуруд ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо маҳрум сохтаанд. Дар ин бора рӯзи 28 марти соли 2023 бо истинод ба Хадамоти марзбонии Полша  хабаргузории “Русский Запад – Новости Калининграда” хабар дод.

Бино ба иттилои ин нашрия, марзбонони Полша дар гузаргоҳи Гжеҳотки дар марзи ин кишвар бо вилояти Калинингради Русия барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ва виза як мусофири автобуси Гданск – Калининградро боздошт карданд, вале натавонистанд ӯро билфосила бозҷӯӣ кунанд, чунки ин мусофир маст буд.

Дар хабари “Русский Запад” ҷараёни қазия чунин тасвир шудааст:  “Шиносномаи шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистон хароб карда шуда, визааш даридагӣ буд. Ба болои ин, рӯзи ба қаламрави Литва ворид шудани ӯ низ тағйир дода шуда буд. Ин мардро аз автобус фароварда, то субҳ нигоҳ доштанд, то мастиаш гузарад. Ташхис дар бадани ӯ беш аз 1,4 промилле алкоголро нишон додааст (баробари тақрибан 300 грамм арақ). Баъди ҳушёр шудан, ӯ эътироф кардааст, ки дар муҳри  дар фурудгоҳи Вилнюс ба шиносномааш задаи марзбонони Литва санаи вурудаш ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро аз 04.04.2017 ба 04.04.2022 иваз кардааст.   Вай дар шарҳи ин амалаш гуфтааст, ки мехост дар Аврупо як каме бештар бимонад. Акнун ӯ ду сол наметавонад ба Аврупо сафар кунад. Ба болои ин, ӯро 600 злотих ҷарима ҳам бастанд. Шаҳрванди Тоҷикистон пули ҷаримаро супурд ва роҳии Калининград шуд”.

Исми ин марди тоҷики аз Полша берункардашуда нашр нашудааст. Худи ӯ барои шарҳи қазия дастнорас аст.

Полша – узви Иттиҳоди Аврупо, паймони ҳарбии НАТО ва минтақаи Шенген аст. Азбаски Полша бо Русияву Беларус ва Украина марзи мустақим дорад, ин кишвар дар солҳои охир ба як масири умдаи интиқоли муҳоҷирону паноҳҷӯён аз Шӯравии собиқ  табдил ёфтааст. Паноҳҷӯёни тоҷик низ асосан аз тариқи Полша вориди қаламрави Иттиҳоди Аврупо мешаванд.

Дар солҳои охир алакай чанд ҳазор зодаи Тоҷикистон аз тариқи Полша ба Аврупо омадаанд Бархе онҳо (асосан тарафдорони оппозитсияи тоҷик ва пайравони равияҳои мазҳабии ғайрисуннатие, чун Салафия) аз тарси таъқибот дар Тоҷикистон ба Аврупо паноҳ меоранд. Вале дар миёни муҳоҷирон аз Тоҷикистон онҳое ҳам зиёданд, ки ба хотири таъмини зиндагӣ ва ояндаи хубтар барои худу фарзандони худ кору зиндагӣ дар Полша ё тавассути он дар дигар кишварҳои бештар тараққикардаи Аврупоро ихтиёр мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button