ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

5 СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОЗОДИИ ЖУРНАЛИСТ ХУРШЕД ФОЗИЛОВРО ТАЛАБ ДОРАНД

5 созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ  –  Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (Norwegian Helsinki Committee, NHC), Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (International Partnership for Human Rights, IPHR),  Ҳомиёни ҳуқуқи шаҳрвандӣ(Civil Rights Defenders, CRD),  Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи инсон (Helsinki Foundation for Human Rights, HFHR) ва Ҳомиёни хатти пеши ҷабҳа (Front Line Defenders, FLD) аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки журналист ва ҳомии ҳуқуқ Хуршед Фозиловро билофосила озод карда, таъқиби журналистикаи мустақилро бас кунад.

Дар изҳороти муштараки 5 созмон, ки рӯзи 24 марти соли 2023 нашр шуд, ҳомиёни ҳуқуқ пеши ҳукумати Тоҷикистон 7 талаб гузошта, иҷрои онҳоро боисрор тақозо кардаанд:

  1. Тамоми муҳокимаҳои додгоҳӣ нисбат ба Фозиловро бозу шаффоф доир кунед;
  2. Фозиловро то оғози мурофиа ба ҳабси хонагӣ гузаронед, чунки ӯ журналист аст ва ба ягон ҷинояти хушунатомез айбдор намешавад;
  3. Ҳаққи бемамониати ӯ ба ҳимоятгар ва амнияти ҷисмонию равонии ӯро таъмин кунед;
  4. Аз задани муҳри “махфӣ” ба парванда худдорӣ кунед, то ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба дӯши Фозилов иттиҳомоти сохтаи аз ин ҳам бештар бор накунанд;
  5. Далелҳои парвандаро нашр кунед ва нишон диҳед, ки оё кадоме аз матлабҳои Фозилов дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд сабаби айбдор кардани ӯ бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “д” шаванд. Аагар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ далел надошта бошанд, онҳо бояд Фозиловро билофосила озод кунанд;
  6. Журналистони мустақил ва кормандони расонаҳоро аз таъқибот ва тарсондан ҳимоят куне два аз истифода таҳдиди таъқиби ҷиноиву шаҳрвандӣ ҳамчун василаи саркӯби мақолаҳои танқидӣ худдорӣ кунед;
  7. Ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар мавриди таъмини озодии баён ва озодии матбуотро эҳтиром кунед.

Хуршед Фозилови 37-сола рӯзи 6 марти соли 2023 аз ҷониби кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти милили Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар шимоли ҷумҳурӣ дастгир шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Баъди як ҳафтаи боздошташ, бино ба хабарҳо, мақомот ба зидди ин журналист бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “д” бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ бо истифода аз матбуот ва Интернет парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Вале мақомот дар бораи иттиҳомоти зидди Фозилов то ҳол ягон ҷузъиёт надодаанд. Агар ӯро гунаҳкор бидонанд, бар асоси ин банди қонун ба Фозилов то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Хуршед Фозилов хабарнигори минтақавӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон буд ва асосан дар бораи мушкилоти мардуми водии Зарафшон гузориш менавишт. Ӯ дар гузоришҳояш бисёр вақт аз мақомоти маҳаллӣ танқид мекард.

Ин бори аввал нест, ки мақомот журналистонро бар асоси моддаи 307 таъқиб мекунанд. Соли 2022 аввал журналист Маҳмадсултон Мавлоназаров барои танқиди амалиёти ҳарбӣ дар Бадахшон бо ҳамин банди қонун ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Баъдан Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки ба озодии ҳамкасбони худ Далери Имомалӣ ва Авазмад Ғурбатов даъват карда буданд, бо ҳамин моддаи 307 ҳафтсолӣ ҳукми зиндон гирифтанд.

5 созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ дар изҳороти муштараки худ ин мавридҳоро “бахше аз саркӯби дигарандешӣ дар Тоҷикистон” унвон карда, навиштаанд:  “Дар моҳи ҷорӣ рейтинги кишвар аз ҷониби CIVICUS Monitor, созмони таҳқиқотии ҷаҳоние, ки вазъи озодиҳои аслӣ дар 197 кишвару қаламравро пайгирӣ мекунад, аз  раддаи “таъқиботӣ” то ба раддаи кишварҳо “баста” пойин оварда шуд. “Баста” – пойинтар баҳоест, ки кишвар дар раддабандии CIVICUS Monitor метавонад бигирад. Дар асл ин ба маъноест, ки дар Тоҷикистон муҳити тарс ҳукмфармост, дар инҷо мардум барои амалӣ сохтани ҳуқуқи аслии худ ба гирдиҳамоӣ ва озодии баён зиндонӣ карда мешаванд”.

Ҳафтаи гузашта Кумитаи дифоъ аз журналистон низ аз мақомоти Тоҷикистон озодии Хуршед Фозилов ва бас кардани таъқиби журналистон барои иҷрои вазифаи касбиашонро талаб карда буд. Дасти кам ду нафари огоҳ аз қазияи Фозилов ба ин созмон гуфтаанд, ки ба назари онҳо, Хуршед Фозиловро ба нишони интиқом барои фаъолияти касбиаш зиндонӣ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button