ВидеоҲодисаҶомеа

СОКИНИ ПОЙТАХТРО БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ҲАМСАРИ СОБИҚАШ 5 ШАБОНАРӮЗ ҲАБС КАРДАНД

Додгоҳе дар Душанбе сокини кӯчаи Роҳи нави пойтахти Тоҷикистон Дадабоев Наимҷон Алиевич (айни замон Ҳамдамзода Юсуф) санаи таваллудаш 31.05.1994-ро барои дар кӯча латтукӯб кардан ва маҷбуран ба мошин савор кардани ҳамсари собиқаш ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.  Додгоҳ ӯро бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдаавбошӣ гунаҳкор донистааст.

Дар ин бора рӯзи 27 марти соли 2023 Раёсати корҳои дохилии ш. Душанбе хабар дод.

Наимҷон Дадабоев (Ҳамдамзода Юсуф), ки барои бадрафторӣ нисбат ба ҳамсари собиқаш дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар натиҷаи баргузории як қатор чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ санаи 24-уми марти соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
  РВКД Душанбе гуфт, зимни пурсиш дастгиршуда Ҳамдамзода Юсуф кирдорҳои авбошонаи содир намудаи худро пурра тасдиқ намуда, сидқан изҳори пушаймонӣ намуд.

Худи Наимҷон Дадабоев (Ҳамдамзода Юсуф) барои шарҳи қазия дастрас нест.


Қаблан Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки шахсияти мардеро, ки як ҷавонзанро латтукӯб карда, маҷбуран ба мошин савор карда буд, муайян карда, ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Маълум шудааст, ки сокини пойтахт Наимҷон Дадабоев дар  боғи Роҳи нав бо ҳамсари собиқаш муноқиша карда, ӯро зери мушту лагат гирифтааст ва сипас ба мошини такси маҷбуран савор кардааст.

Санаи 22-юми марти соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он лаҳзаи лату кӯб ва маҷбуран ба мошин савор намудани як ҷавонзан аз ҷониби як мард инъикос ёфта буд, Ин видео мавҷи вокунишҳоро ба бор овард ва бино ба иттилои РВКД Душанбе,  шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост кардаанд, ки ҳодисаи мазкур санҷиш ва нисбат ба он мард дар доираи қонун чораандешӣ карда шавад.

Дар натиҷаи баргузории як қатор чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи дар навор инъикосёфта, тамғаи «Опел Астра» рақамҳои қайди давлатиаш 0707KY07, Ҳазратқулов Ҷамшед Муродқулович, санаи таваллудаш 08.04.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

Зимни пурсиш муайян гардидааст, ки Ҳазратқулов ҳамчун ронандаи такси субҳи барвақти 22-юми март, соати 6-и субҳ бо дархост ва фармоиши рафиқаш шаҳрванд – Дадабоев Наимҷон, ҳамроҳ ба кӯчаи Роҳи нави ноҳияи Сино ба назди ҳамсари собиқи Дадабоев Наимҷон рафтаанд.

Дадабоев Наимҷон, ки бо мақсади дидорбинии фарзанди хурдсол ва бо фарзандаш таҷлил кардани ҷашни Наврӯз омада буд, ҳангоми  сайру гашт дар боғи кӯчаи Роҳи нав бо собиқ ҳамсари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон ҳамсари собиқашро зери лату кӯб қарор дода, маҷбуран ба воситаи нақлиёт савор кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button