ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР ДАР 4 САДАМАИ МАРГБОР ДАР КӮЛОБУ ВОСЕЪ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли 2023 хабар дод, ки тайи рӯзҳои истироҳат дар 3 садама дар шаҳри Кӯлоб ва як садамаи дигар дар ноҳияи Восеъ 5 нафар ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла рӯзи шанбе, 25-уми марти соли 2023, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, ронандаи мошини боркаши тамғаи “Дулан”, Муродализода Маҳмадалии Муродалӣ, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат тавассути шоҳроҳи мошингард аз самти ноҳияи Ш.Шоҳин ҳангоми наздик шудан ба ҳудуди шаҳри Кӯлоб,  ба сабаби аз кор баромадани механизми тормози мошинаш аз уҳдаи идора намудани нақлиёт набаромада, тавассути роҳи маҳаллаи 1-уми Май ба самти муқобил баромада, ҳангоми расидан дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб ба дарахтони сояафкани канори роҳи автомобилгарди мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, нақлиёти номбурда зарари техникӣ бардошта, ронанда Муродализода М.М ва мусофирони дохили автомашина Мудинов Наҷибулло Абрординович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе ва Шарипов Ҳилолиддин Мирзораҳимович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта ба беморхона дастрас карда шуданд. Баъдан Мудинов Н.А ва Шарипов Ҳ.М. аз сабаби ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштаашон дар беморхона ба ҳалокат расиданд.
Инчунин, шоми 25-уми марти соли 2023, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Хайруллои Сафаралӣ, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди назди фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба девор бархӯрдааст, ки дар натиҷа мусофири автомобили мазкур, Юсупов Ҳоким Аҳтамхонович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Кӯлоб, ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид.
Ҳамзамон, 26-уми марти соли 2023, тахминан соатҳои 14:00, ронандаи мошин тамғаи “Опел-Астра”, Расулов Рамазон Маҳмадзоирович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Даҳана ба самти шаҳри Кӯлоб, ҳангоми расидан дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ, Холов Ҷурахон, соли таваллудаш 1950, сокини шаҳри мазкур, бо дучархааш ба қисмати байни роҳи автомобилгард баромада, ронандаи автомашинаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада бо қисмати пеши автомашинааш ба дучархаи мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа, Холов Ҷ. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 26-уми марти соли 2023, тахминан соатҳои 04:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Пиров Баҳодур Ғоибович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Исоев Сафармад Холович, соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи Восеъро, ки дар канори роҳ тавассути дучарха ҳаракат мекард, пахш намудааст, ки дар натиҷа номбурда ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон бохтааст.
Оид ба ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button