АфғонистонВидеоТоҷикистон

ХАДАМОТИ ҶОСУСИИ ТОЛИБОН ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ҚАТЛИ ВОЛИИ БАЛХ АЙБДОР КАРД

Хадамоти ҷосусии ҳаракати Толибон, ки якуним сол пеш ҳукуматро дар Афғонистон ба дасти худ даровард, изҳор доштааст, ки дар амали террористии рӯзи 9 март, ки дар он волии аз сӯи “Толибон” таъйиншудаи вилояти Балх дар шимоил Афғонистон Муҳаммаддовуд Музаммил кушта шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон даст доштанд. Дар ин бора рӯзи 27 марти соли 2023 хабаргузории русии ТАСС бо такя ба иттилоияи нашршуда дар саҳифаи хадамоти ҷосусии Толибон дар Твиттер хабар дод.

Музаммил субҳи 9 март дар ҷои кораш дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх кушта шуд. Масъулияти он ҳамларо созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт.

Дар иттилоия чунин гуфта мешавад:  “Дар вилояти Форёб амалиёте баргузор карда шуд, ки дар натиҷаи он тамоми аъзои гуруҳи дастдошта дар ҳамла ба волии вилояти Балх дастгир карда шуданд <…> Дар ҷараёни ин амалиёт собит шуд, ки аъзои ин гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон буда, чанде қабл барои анҷоми ин ҳамла ба Афғонистон фиристода шудаанд”.

Хадамоти ҷосусии Толибон ҳамчунин хабар дод, ки дар як амалиёти дигар дар вилояти Балх се узви ДОИШ, ки аз ҷумла роҳбарони созмони “ДОИШ-Хуросон”, бахши афғонистонии ин гуруҳи террористӣ будаанд, кушта шудаанд. Аз онҳо “Мавлавӣ Зиёвиддин, нафари дуюми ДОИШ, Абу Умар Афридӣ, як узви Шӯрои шохаи хуросонии ДОИШ ва Устод Салмони Тоҷикистонӣ, яке аз масъулони омӯзишҳои низомии ДОИШ”  ном мебаранд. Дар бораи шахсияти “Устод Салмони Тоҷикистонӣ” маълумоти дигаре дар даст нест.

Волии аз сӯи “Толибон” таъйиншудаи вилояти Балх Муҳаммаддовуд Музаммил субҳи 9 марти соли 2023 дар натиҷаи як таркиш дар бинои ҳукумати ин вилоят дар маркази маъмуриаш, шаҳри Мазори Шариф кушта шуд. Бино ба гузориши расонаҳо, як террористи маргталаб, ки дар баданаш тасмаеро бо маводи тарканда часпонда буд, худро дар қабати дуюми бинои ҳукумати вилоят тарконд. Ҳамроҳи волӣ дар ин ҳамла ду нафари дигар ҳам кушта шуданд.

Аз замони моҳи августи соли 2021 ба ҳукумат дар Афғонитсон расидани ҳаракати тундрави Толибон, Муҳаммаддовуд Музаммил то имрӯз баландпоятарин мақоми марбут ба ин ҳаракат буд, ки дар натиҷаи сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд.

Вилояти Балх бо тақрибан 1,3 миллион аҳолӣ, ки беш аз нисфаш дар маркази ин вилоят, шаҳри Мазори Шариф ба сар мебаранд, дар шимоли Афғонистон ҷойгир шуда, асосан бо Ӯзбекистон ва қисман бо Туркманистону Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Роҳҳои асосии интиқоли молу коло ба шимоли Афғонистон, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ, низ аз қаламрави вилояти Балх мегузаранд. Пули Тирмиз – Хайратон дар ҳудуди вилояти Балх ҷойгир шудааст ва ягона роҳи оҳани дар Афғонистон сохташуда низ аз Тирмизи Ӯзбекистон то шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх мегузарад.

Дар давраи ҳукуматҳои қаблӣ раёсати вилояти Балхро солҳои тӯлонӣ яке аз роҳбарони тоҷикҳои Афғонистон Муҳаммадатои Нур дар даст дошт. Ахиран як нашрияи италиявӣ Нур ва раҳбари ӯзбекҳои шимоли Афғонистон маршал Абдулрашиди Дӯстумро айбдор кард, ки барои бидуни ҷанг ба Толибон супурдани шаҳри Мазори Шариф аз Қатар Нур 60 миллион ва Дӯстум 50 миллион доллар пора гирифтаанд.

Қаламрави вилояти Балх дар соли 2022 барои чанд ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Тоҷикистон истифода шуда буд. Масъулияти он ҳамлаҳоро ҷангҷӯёни гуруҳи “ДОИШ – Хуросон” ба дӯш гирифтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button