ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СЕ НОБОЛИҒ БАРОИ ДУЗДИҲО ДАР СПИТАМЕН ВА ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти се ноболиғ бо иттиҳоми дуздӣ хабар дод.

Аз ҷумла ба ШВКД дар ноҳияи Зафаробод бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Спитамен муроҷиат намудааст, ки шаби 7-уми декабри соли 2022, тахминан соати 23:20-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А51»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 25-уми марти соли 2023, тахминан соатҳои 02:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквориаш шуда, аз онҷо якчанд намуд ширинӣ ва 390 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 16 ва 17-солаи сокинони ноҳияҳои Ёвону Шаҳритӯс ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 аз ҷониби ноболиғон дар Тоҷикистон 737 ҷиноят содир шудааст. Аксари ин ҷиноятҳо дуздӣ ва авбошист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button