АфғонистонВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗ ДУ ЗАМИНЛАРЗАИ 4-БАЛЛӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Шоми 26 март ва субҳи 27 марти соли 2023 дар Тоҷикистону Афғонистон боз ду заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер беш аз 4 балл рух додааст.

Бино ба иттилои пойгоҳи earthquaketrack.com, ки заминларзаҳои  рухдода дар саросари сайёраро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ мекунад, заминларзаи аввал нимаи дуюми рӯзи 26 март, соати 18:14 ба вақти Тоҷикистон дар умқи 117 километр рух дода, иқтидори ин офати табиӣ дар марказаш  – 42-километрии ҷанубу ғарби маркази ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон, 4,4 баллро ташкил додааст.  Ишкошими Афғонистон дар он сӯи дарёи Панҷ дар рӯбарӯи Ишкошими Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Ба маълумоти ҳамин манбаъ, субҳи барвақти 27 март, соати 04:23 ба вақти Душанбе  дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон боз як заминларза ба амал омад. Маркази ин заминларза дар 25-километрии ҷануби маркази ноҳияи Фархори вилояти Тахори Афғонистон, ҷойгир шуда, замин дар умқи 124 километр бо шиддати 4,2 балл ларзидааст.

Ин заминларзаҳо дар пайи заминларзаи пурхисороти шаби 23 март бо марказаш дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи мақомот, ин офат боиси вайрон шудани 318 хона дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, 32 хона дар ноҳияи Рашт ва 17 хона дар ноҳияи Нуробод шуд. Барои рафъи оқибатҳои ин заминларза комиссияи ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ташкил шудааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларза,  дар як ҳафтаи охир 6 заминларза, дар як моҳи охир 36 заминларза ва дар як соли охир 228 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардаанд.

Дар пайи заминларзаҳои пурқурбонию харобиовар дар Туркияву Сурия, ки дар аввали моҳи феврали соли 2023 боиси ҳалокати беш аз 50 ҳазор нафар ва фурӯ рехтани садҳо бино, аз ҷумла биноҳои навбунёд гардид, Кумитаи сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон комиссияи махсус таъсис дод. Ин комиссия бояд сифати сохтмонҳои аз соли 2018 ба ин тараф сохташуда ва сохтмонҳои нотамомро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар санҷида, то 10 март дар бораи натиҷаи кори худ маълумотнома пешниҳод мекард. То ҳол дар бораи натиҷаи кори ин комиссия ҳисоботи расмие нашр нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button