АфғонистонВидеоТоҷикистон

БА ТОҶИКИСТОН ОМАДАНИ НАХУСТИН ҲАЙЪАТИ ТОЛИБОН ЧӢ МАЪНО ВА ЧӢ ДУРНАМО ДОРАД?

Дар баробари расонаӣ шудани хабари боздиди ҳайъати “Толибон” аз консулгарии Афғонистон дар  шаҳри Хоруғ ва сукути мақомоти расмии Тоҷикистон, дар робита ба ин сафари “Толибон” ба ин кишвар, расонаҳо ва коршиносони соҳа ҳадс аз он мезананд, ки Тоҷикистон низ дигар бо ҳукумати “Толибон” қаҳрӣ нест ва кӯшиш дорад, бо вуҷуди бархӯрди гузашта тунди Эмомалӣ Раҳмон бо ҳукумати  нави “Толибон” ва “Аморати исломии Афғонистон”, ки  Толибон созмон додааст, боз ҳам бо онҳо ҳамкорӣ ва додугирифт дошта бошад.

Хабари сафари ҳайъати “Толибон” ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва боздиди онҳо аз консулгарии Афғонистон дар ин минтақа, дар расонаҳои афғонӣ бозтоби густурдае ёфт. Ҳам  дар расонаҳои толибонӣ ва ҳам дар расонаҳои хусусӣ. 

Бахши таҳлилии сомонаи Afghanistan international дар матлабе ин наздикшавии Тоҷикистон ба “Толибон”-ро ба риштаи таҳлил кашида, навиштаст, “ҳарчанд сафири Афғонистон дар Душанбе ва як мақоми тоҷикистонӣ, ки нахост номаш фош шавад, сафари ҳайъати “Толибон” бо даъвати Душанбе аз консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро такзиб карданд, аммо мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун ин хабарро на рад ва на таъйид кардаанд”.

Аммо муаллиф бо такя ба манобеи иттилоотӣ меафзояд, ки хабари боздиди “Толибон” аз Тоҷикистон дақиқ аст ва ин сафар дар воқеъ анҷом шудааст”.

Муаллифон менависад, ки “ҳарчанд ҳадафи сафар хеле кӯчак ба назар мерасад, яъне таъмир ва бозсозии бинои консулгарӣ, аммо баҳси калонтар аз он  пазириши ҳайъати “Толибон” ва ҳимояти Тоҷикистон аз анҷоми ин сафар аст, ки занги хатарро барои Ҷабҳаи муқовимат ба садо даровардааст”.

Аммо чӣ шудааст, ки Тоҷикистон низ аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Аҳмад Масъуд рӯйгардон шуду дасти дӯстӣ ба сӯи “Толибон” дароз кард? – суол мегузорад Afghanistan international.

Афкори оммаи мардуми Тоҷикистон ба шиддат аз Ҷабҳаи муқовимат тарафдорӣ мекунанд, гузашта аз ин тоҷикистониҳо ба шахсиятҳои афғонистоние, монанди Аҳмадшоҳ Масъуд ва Аҳмад Зоҳир эҳтироми волое доранд. Ин ҳимояти мардум ба тасмимгириҳои мақомоти ҳукуматӣ бе таъсир нест. Аммо, менависад ин расона, ин маънои онро надорад, ки давлати Тоҷикистон ҳеҷ робитае бо “Толибон” надошта бошад.

Муаллиф аз ҷумла аз он ёдовар шудааст, ки сафорати Тоҷикистон ҳамакнун дар Кобул фаолият мекунад, дипломатҳои тоҷик ва ҳамин тавр, намояндагони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ба  Афғонистони таҳти контроли “Толибон” рафту омад ва бо мақомоти Толибон тамосҳо доранд.

Afghanistan international менависад, яке аз меҳварҳои робитаи Тоҷикистон бо “Толибон” ва фосила гирифтан аз Ҷабҳаи муқовимат манофеи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ аст, ки аз замони ба сари ҳукумат омадани “Толибон” идома дорад. Нашри аз ҷумла зикр кардааст, ки дар даврони ҳукумати “Толибон” содироти семент ва ангишти Тоҷикистон аз хоки Афғонистон ба Покистон назар ба соли 2021 ҳашт баробар афзуда, содироти барқи Тоҷикистон  ба Афғонистон низ дар давраи “Толибон” афзоиш ёфтааст.

Afghanistan international  Ба ҷуз  аз манфиатҳои иқтисодӣ ва молӣ, фишорҳои Русия ва Чин низ ба Тоҷикистонро низ дар ин амр корагар мешуморад. “Ин ду абарқудрат асари фаровоне бар тасмимгириҳои Тоҷикистон мегузоранд ва ҳамчунин робитаи расмии онҳо бо “Толибон” Ҷабҳаи муқовиматро дар тангно қарор додааст”, менависад Afghanistan international.

Нашрия меафзояд, агар тағйири калоне дар муодилоти сиёсии Афғонистон ба вуҷуд наояд, аз эҳтимол дур нест, ки равобити Тоҷикистон бо “Толибон” беш аз ин низ наздиктар шавад ва густариш  биёбад.

“Дар паи он низ хеле дур нахоҳад буд, ки сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон низ ба ихтиёри “Толибон” вогузор карда шавад”, ҳадс задааст муаллиф ва аз вуҷуди сарусадоҳое ҳарф задааст, ки Душанбе ба зудӣ кордори “Толибон” барои сафорати Душанберо хоҳад пазируфт.

“Ҳатто гуфта мешавад Абдураҳмон Атоӣ,  яке аз дипломатҳои вазорати корҳои хориҷии “Толибон” ба унвони сафир ба ҷои Зоҳир Ағбар таин карда мешавад. Манобеъ мегӯянд, ки Атоӣ аз тоҷикҳои Бадахшони Афғонистон будааст”, навиштааст Afghanistan international.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Доктор Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффори Ҳамадонӣ гуяд:

    “Лидерони ғайрирасмӣ” ба Бадахшон хуш омадед?

  2. Доктор Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффори Ҳамадонӣ гуяд:

    Дар дунё низомҳои қотилу одамкушу диктаторӣ зиёд аст (россия, эрон, хитой, ҳинд, кореяи шимолӣ, сурия, ироқ, мянмар ва ғайра…), ҳамаи онҳо ба расмият шинохта шудаанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button