НАГӮЕМ? ҲАРАМГУЛИ ҚОДИР ДАР БОРАИ САРНАВИШТИ ТАЛХУ ШӮРИ ДУХТАРОНИ ДЕҲОТ

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук
Аз наврасӣ орзу доштам ба истилоҳ “врач” ё тарҷумон шавам. Вале барои духтҳои деҳот ва бахусус онҳое, ки дар муҳити хонаводаи серфарзанд ба воя мерасанд, орзу доштан ва пайи амалӣ шудани он иқдом кардан дандоншикан аст.
Хосатан духтҳое, ки бародарони мутаассиб дошта бошанд ва ҳар як қадаму калимаи хоҳаронро назорат кунанд. Бархе акаҳо худро ХУДОи хоҳарон медонанд ва ҳатто ба ичрои бераҳмтарин ҷазо дар нисбати хоҳарон қодиранд. Инҷониб ҳам борҳо аз ингуна бархӮрдҳои хоҳарситезона сарам кафидаву мушти обдор хӯрдаам. Вале хеҷ гоҳ тан надодаам. Болои сӯхта намакоб, дар чунин инзивоъ волидайн вакилони дифои бародарон ё ҳарфи мардум ё ҳамон “мардум чӣ меган?” буданд.
Илова бар ингуна мушкилоти домони хонаводагӣ, қолабҳои шахшудаи муҳити деҳот низ мушти маҳками дигаре рӯйи шонаҳо ва зеҳниятҳои духтарони деҳот аст. Вале ҳамеша пинҳон нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамеша Модарони азизи мо моро гӯшмол мекарданд ки “нагӯем”.
Духтарони шаҳр нисбат ба деҳот дар ҳама давру замон як каме хушиқболтаранд ва ҳам ҳушманд. Духтарони деҳот рӯзашон бо ҳавлирӯбӣ, кори саҳро ва пухтупазу шустушӯ пайиҳам мегузарад. Ин корҳо ҳар рӯз як ё ду бор такрор мегардад ва фурсати кам барои мутолиа ва муошират доранд.
Ҳатто хонаводаҳое низ ҳастанд, ки духтаронро А ё Б гуфтан намегузоранд ва инро »беэҳтиромӣ» қаламдод мекунанд. Яьне шеваи буғӣ кардани садои фарзанд, хоса духтарон ва то охири умр бе нутқ мондани он. Аз он ҷумла худамро аз зумраи бенутқҳо ва онҳое, ки овозашон солҳост, ки дар гулӯ буғз кардааст, мепиндорам.
Ана ҳамин муҳит ва норизоияти шадиди бародарон буд, ки ман таваккалӣ касб интихоб кунам. Ҳатто шароит барои рӯзона таҳсил карданро надоштам, дар ҳоле ки зиёд мехостам. Ва ана ҳамон дарду ранҷ ва нафрату эьтироз алайҳи хурофоту зеҳниятҳои маҳдуду бофтаҳои муҳити деҳот буд, ки маро мачбур кард, то таҳсил кунаму журналист шавам ва бинависаму бигӯям ва боз дубора сангу таҳдид шунавам ва гоҳе ҳам боздошт бигардам, ки чаро ину он менависӣ? Кай бас мекунӣ? …
Бо ин ҳама сангарҳо пушти дари Донишгоҳи тиббӣ ба танҳоӣ рафтам аз як рустои дурдаст ва он ҳам дар қиёми авчи ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои қаҳтиву нодорӣ. Лек тақдир ноомадӣ карду муҳлати супоридани ҳуҷҷаттҳо гузашта буд. Дубора бо сари ҳам ва фиғони буғзшудаву гиря ба деҳа ба хона баргаштам ва ҳамон кетмани бобоиро гирифта деҳқониро дар хоҷагӣ идома додам.
Ингуна достони талху шӯрро дигар духтарону писарони деҳот низ доштанд, вале ин ки пушти дари донишгоҳҳо мерафтам ва он ҳам бидуни иҷозаи Падару Модар (онҳо муҳолифи таҳсил дар он шабу рӯз буданд) танҳо ман будам. Ривояти ин тақдир ва сахтии тадбир ва роҳи ноҳамвораш шояд садҳо авроқро дар бар гирад, лек инҷо нуқта мегузорам ва ҳамон имконияти ғайримумкине ки нисбӣ ҳам муяссари камина гардид, муваққатан ҳам бошадяя. рафтам пайи касби Табиб ё наздик ба он. Яьне вақте бо қалам мехостем, ҷомеаро муолиҷа кунем ва бадани даридаашро поргӣ, холо азм гирифтам, ки беморонро бо дору ва сӯзан даво бахшам.
Ҳар ду касб маро неру мебахшад, ҳарчанд дуввумӣ аз лиҳози забон дар аввал бениҳоят душвору боварнокарданӣ буд. Ҳар гоҳе ки қалам мегираму чанд вожа сиёҳ мекунам, монанд ба ҳамин забономӯзӣ ва касбомӯзист. Аммо он чӣ аст, талху шӯр ва нобарор ҳамин зиндагиии мост ва бояд канор биоем.
Ин ҳама аз хаёли парешон ё зеҳни машғул ҳангоми кори басти шабона (ҳамин холо) рӯи телефон рехт…
Дар ду ҷомеъа ниёзе нест, ки ба духтару писарамон бигӯем: “мардум чӣ меган”:
Якум: Дар ҷомеъае, ки мардум аксаран зинокор, риббохор, хатокор бошанд, туҳмату ғайбату дурӯғ бигӯянд;
Дуввум: дар ҷомеае, ки акси гуфтаҳои боло: зинокору риббохӯру хатокор набошанд, чӣ ниёзе ҳаст, ки бигӯем: “мардум чӣ меган”??
сифати таьлим ба сифр баробарай
Ассалому алайкум! Аввалан ба ин зан ки худро “журналист” мегӯяд гуфтаниям: Аслан Тӯ ҳақ надорӣ ки мардуми деҳот ва бародарони духтарони деҳотиро нашармида зери тозиёнаи танқид қарор бидиҳи! Ҳамон Падару Модарони деҳотӣ буданд ки беҳтарин фарзандон ба воя расониданд. Аз муаллим сар карда то болотарин вазоратҳо ва дигар роҳбарони воломақом, ҳамагӣ дастпарварон ҳамон “Падару Модарон” -и деҳотианд! Маҳз тарбия ва садоқати онҳо буд ки дар ҷамъият на дузди ва на ғорату фиребгариро намедиди! Обурӯи мардуми тоҷик дар тамоми ҷаҳон бо сидқу меҳмоннавозӣ ва садоқату маърифати баланд, аз натиҷаи меҳнати ҳамон “қишлоқи” -ҳо шаҳодат медиҳад! Фикр мекунам ҳоло Тӯ дар назди миллат он қадар хизмати шоистае накардаи ки ҷуръат карда ба “санг” задани Волидайн ва бародарони тоҷик ҳақ пайдо карда боши! Сабр кун,он вақте ки фарзандони “дуруст тарбиякардаат” ба ободии кишвар саҳм гузоранд, баъд ҳарчи мехоҳи гуфтан гир! Сиҳату саломат бошед мардуми меҳнаткаши Тоҷикистони азиз!