ВидеоИлму фанноварӣТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ХАБАРИ ДАР ӮЗБЕКИСТОН КАШФ ШУДАНИ ДОРУИ ЗИДДИ САРАТОН ДУРӮҒ БУДААСТ

Хабари дар Ӯзбекистон сохтани доруе, ки метавонад бемории саратон ё ракро пурра табобат кунад, асос надорад. Ин хабарро вазорати  тандурустии Ӯзбекистон расман рад кард.

Ахиран Илҳом Содиқов, раҳбари Пажуҳишгоҳи физикати ҳастаӣ изҳор дошт, ки олимони ин пажуҳишгоҳ доруе сохтаанд, ки дар таркибаш изотопи радиоактивии лютетсиий-177 ва моддаи антиген-617 дошта, бемории саратонро дар дараҷаи чорумаш то 99% табобат мекунад.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон гуфт, чунин дору дар Амрико ва кишварҳои Аврупо ва Осиё танҳо барои ташхис ва табобати варами простата ва варамҳои нейроэндокринӣ истифода мешаванд.

 “Бо такя ба таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ метавон гуфт, ин ин доруворро метавон танҳо дар ҷараёни местастазаҳои устухон дар дараҷаи чоруми варами простата истифода бурд. Ин дору як доруи муваққат ба шумор рафта, ба беморон танҳо имкони дарозтар кардани умрашонро медиҳад”, — гуфтааст сартабиби Маркази ҷумҳуриявии онкология ва радиологияи Ӯзбекистон, доктори илмҳои тиб Дониёр Нишонов.

Дар  Академияи илмҳои Ӯзбекистон гуфтаанд, ки ин дору ҳангоми табобати саратони простатаи шахсони солхӯрда таъсири худ дорад. Дар иттилоияи Академияи илмҳо гуфта мешавад, ки “ҳамзамон мушоҳида шудааст, ки дозаи чорум ва панҷум алакай ба метастазаҳо дар дигар қисматҳои баданд низ таъсири табобатӣ мерасонад”.

Дар вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки ин дору ҳангоми табобати танҳо се бемор дар як бемористони Ӯзбекистон истифода шуда, дар ҳақиқат ба кам шудани манбаи варам ё метастазаҳо ва сӯзиши бадан аз дард кумак кардааст.

“Аммо барои истифодаи ҳар дорую дармони нав дар амал фурсати тхӯлонӣ лозим аст, то ки таҳққоти гуногун анҷом дода шуда, хулосаҳои лозим бароварда шаванд”,  —  таъкид кардааст вазорати тандурустии Ӯзбекистон.

Ин ниҳод ҳамчунин таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар  дунё ягон дорую дармоне, ки аз саратон пурра табобат кунад, кашф нашудааст.

Бар асоси гузориши ИА Фергана

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button