ВидеоДин ва боварҳо

РОҲБАРИ САЛАФИҲОИ ТОҶИКРО БОЗ БА 8 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ КАРДААНД

Муҳаррамов Муҳаммад Раҳматуллоевич, маъруф ба Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ ва Домулло Муҳаммадӣ, ки як вақтҳо “раҳбари салафиҳои Тоҷикистон” ном бурда мешуд, инак бори дуюм ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳамроҳи ӯ як гуруҳи бузурги пайравони Салафияро ба муҳлати аз 7 то 10 сол равонаи зиндон кардаанд. Домулло Раҳматуллоҳ соли 2016 низ ба 8 соли зиндон маҳкум гардида буд, вале соли 2021 бар асоси қонуни афв озод шуд. Ӯ тақрибан як сол баъди раҳоияш, дар аввали моҳи ноябри соли 2022 аз нав дастгир шуд.

Мақомот ин қазияро то ҳол шарҳ надодаанд. Вале Юсуф Муҳаррамов, бародари Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, рӯзи 23 марти соли 2023 ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукмро додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе содир кард ва бародарашро бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор донист. Аммо Юсуф Муҳараммов гуфт, тафсилоти дигари ҳукм, аз ҷумла, ба чӣ далел паси панҷара бурдани бародарашро.

Моддаи 307 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз чанд банду илова иборат аст ва аз ҷумла ифротгароӣ, узвият дар созмонҳои мамнӯъ ва даъватҳо ба сарнагун кардани ҳукуматро фаро мегирад.

 “Ростӣ, дар ду мурофиаи додгоҳӣ ва ҳангоми эълони ҳукм будам. Одам бисёр буд, дуруст нафаҳмидем. Ҳамроҳи вай 11-12 нафари дигарро аз ҳафт то даҳсолӣ зиндонӣ карданд. Ҳамсараш дар мурофиаҳо иштирок дошт, беҳтар аст, аз ӯ пурсед,” – гуфтааст Юсуф Муҳаррамов.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми март ба хонаи Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ низ рафтанд, вале касе ҳозир нашудааст, дар ин бора гап занад.

Моҳи ноябри соли 2022 гузориш шуда буд, ки домулло Раҳматуллоҳ баъди як соли раҳоияш аз зиндон, дубора аз ҷониби мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир шудааст.  Бародараш Юсуф Муҳаррамов гуфта буд:  “Муҳаммадиро соати 10-и рӯзи дуюми ноябр ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карданд ва баъдан ба писараш хабар додаанд, ки боздошт шудааст.” Ӯ афзуд, танҳо ҳаминро медонад, ки бародарашро барои “суҳбат дар кадом масъалае ё маъвизае” дастгир кардаанд, вале ҷузъиёт барояшон маълум нест.

Пайвандонаш дар маҳаллаи Чоряккорон дар канораҳои ғарбии шаҳри Душанбе он замон аз қавли мақомот гуфтанд, “бар асоси ҳукми қаблии додгоҳ ӯ ҳаққи суҳбатҳои диниро надошт, аммо гӯё ба ин кор давом додааст”. Наздиконаш инро рад мекарданд.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ соли 2016 ба 8 соли зиндон маҳкум гардида, соли 2021 дар чорчӯби қонуни афв ба озодӣ баромад.  “Дар ҷое кор намекард, шиноснома низ надошт. Ба масҷид намерафт. Дар хона буд. Гоҳгоҳе ба кӯча мебаромад, тамом,” – нақл карда буд Юсуф Муҳаррамов.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ 50 сол ва 4 фарзанд дошта, риштаи шариати Донишгоҳи байналмилалии исломии Покистонро хатм кардааст. Домулло Муҳаммадӣ дар даҳаи аввали солҳои 2000-ум, дар авҷи фаъолияти пайравони равияи “Салафия” дар Тоҷикистон ба майдон омад ва яке аз сухангӯёни асосии салафиҳо дар баҳсҳои мазҳабии тарафдорони ин равияи навбаромад бо рӯҳониёни суннатӣ ба шумор мерафт.

Салафиҳо аз пайравони равияҳои суннатӣ асосан бо чанд вижагиҳои зоҳирӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзорҳои кӯтоҳи аз буҷулаки по боло, гузоштани риши дароз, баланд гуфтани “омин” дар миёнаи намоз,  ва  ҳам бо амалҳое, чун кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд. Онҳо ҳамин тавр, бо рӯҳониёни суннатӣ вориди баҳсҳои шадид шуда, ин рӯҳониёнро ба гумроҳ кардани мардум ва истифодаи дин ҳамчун абзори таъмини зиндагии хуш барои худу наздиконашон айбдор мекарданд.

Дар соли 2009 дар пайи авҷ гирифтани ин баҳсҳо, Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҷараёни Салафияро расман манъ кард ва соли 2014 ин равияро ба рӯйхатти сиёҳи созмону ҳаракатҳои ифротӣ шомил кард.

Қабл аз боздошти қаблиаш Домулло Муҳаммадӣ дар маъракаи ба зидди ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба роҳ андохтаи мақомот фаъолона иштирок дошт ва дар расонаҳои маҳаллӣ чандин мақола нашр кард, ки дар онҳо таъсиси ҳизби диниро дар Ислом нозарур ва ҳизби наҳзатро “муздури хориҷиён” номида буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button