ВидеоТоҷикистонҲодиса

ОҚИБАТҲОИ ЗАМИНЛАРЗА: СЕ КАС ЗАХМӢ ВА НАЗДИКИ 70 САР ЧОРВО НОБУД ШУДААСТ

Тибқи иттилои пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар натиҷаи заминларзаи шаби 23-юми марти соли 2023 се сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аз ҷумла 2 мард ва 1 зан ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. Ҳамчунин, дар ин офати табиӣ 14 сар чорвои калони шохдор, 52 сар гӯсфанд ва 2 асп нобуд шудаанд.

Дар қаламрави Тоҷикистон шаб ва субҳи 23 март соати 01:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ  ду заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази  ҳарду заминларза  дар 6-7 километр  шимолтари деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд воқеъ будааст. Барои рафъи оқибатҳои ин офатҳои табиӣ як комиссияи ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзода ташкил шудааст ва Расулзода рӯзи 23 март аз маконҳои зарардида дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан кард.

Бештари хисорот  дар 6 деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ: Палдорак, Пакшев, Дашти миёна, Ярм Деҳманора ва Роғ сабт шудааст. Сокинон аз вайрон шудани садҳо хонаву биноҳои ёрирасоне, чун оғилу анборхонаҳои худ хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Азия Плюс”, бар асари ин офатҳои табиӣ ҳамчунин даҳҳо хонаву бино дар ноҳияҳои водии Рашт вайрон шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, бар асари заминларза 27 бинои истиқоматӣ дар деҳаҳои Порвоғ, Дуоба, Саридашт ва Такобаи ҷамоати деҳоти Такобаи ноҳияи Рашт қисман зарар диданд (тарқиши деворҳо).

Ҳамчунин, дар деҳаи Тегирми ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод ду бинои истиқоматӣ хисороти ҷиддӣ дида, 10 бинои истиқоматӣ, як муассисаи таълимӣ ва бинои ҳукумати ноҳия қисман зарар дидаанд.

Дар ноҳияи Сангвор, дар деҳаи Фарчинги ҷамоати деҳоти Тавилдара як бинои истиқоматӣ қисман осеб дидааст (тарқишҳо дар деворҳо).

Ин дар ҳолест, ки бино ба маълумоти фавриии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки рӯзи 23 марти соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук журналист Назаралӣ Пирназаров нашр кард, дар натиҷаи заминларзаҳои шаб ва субҳи 23 март дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 700 хонаву бино вайрон шуда, беш аз 120 сар чорво нобуд шудаанд.

Аз ҷумла, бар асоси ин маълумоти Ҳилоли Аҳмар, дар деҳаи Палдораки ҷамоати Лангар тақрибан 300 хона вайрон шуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтаанд,. Сокинони Палдорак шабро дар берун, аз ҷумла дар мошинҳо рӯз кардаанд. Дар Палдорак ҳудуди 50 сар чорво нобуд шудааст.

Дар деҳаи Дашти миёна 14 хона хисороти ҷиддӣ дида, ҳудуди 50 сар гову гӯсфанду буз ва аспри мардум  ҳалок шудаанд.

Дар деҳаи Пакшев 58 хона вайрон шуда, 22 сар гову гӯсфанду аспони сокинон нобуд шудаанд.

ильно повреждено 58 домов, погибли 22 коровы, овцы и лошади.

Ҳамчунин бино ба иттилои Ҳилоли Аҳмар, дар Ярм 30 хона, дар Деҳманора 120 хона ва дар Роғ 200 хона бар асари заминларза вайрон шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтаанд.

Як сокини Палдорак низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз вайрон шудани 300 хонаю иншоот дар ин деҳа хабар додааст.

Амммо ин ҳама ҳанӯз танҳо хабарҳои тасдиқношуда аст. Мақомоти расмӣ дар бораи ҳаҷми хисорот ҳанӯз ягон маълумоти ниҳоӣ надодаанд.

Чорвои аз заминларза зарардида
Зарари заминларза дар Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button