ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ТУҲМАТ? ПАРВАНДАИ ТЕРРОРИЗМ БА ЗИДДИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ҚАЗОН БАРОИ ГӮЁ БА ДОИШ ФИРИСТОДАНИ … 550 РУБЛ

Ба зидди як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия бо иттиҳоми “мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва акнун ба вай барои маблағгузории созмони террористӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои дарёфтии Телеграм-канали SHOT, ин ҷавони зодаи Тоҷикистон гӯё ба созмони террористии ҳам дар Русияву ҳам дар Тоҷикистон мамнӯи ДОИШ ( ба ном “Давлати исломӣ”) … 550 рубл фиристодааст ва онро ҳам бо ду “транш”.

“Бино ба иттилои мо, шаҳрванди бекори Тоҷикистон ба “шиносҳояш” ду маротиба пул гузарондааст: як бора 350 рубл ва бори дуюм — 200 рубл. Маблағгузорро муайян кардаанд ва ӯ ҳоло дар боздоштгоҳ (СИЗО) қарор дорад. Ба зидди ӯ бо моддаи “мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ парванда кушодаанд “, – хабар медиҳад ин Телеграм-канал.

Тафсилоти дигари ин қазия дастрас нест. Номи ҷавони дастгиршуда нашр нашудааст. Маълум нест, ки оё ин туҳмат ё подставаи навбатии мақомоти амниятии Русия аст, ки барояшон аз ҳисоби боздошту туҳмат ба муҳоҷирони беҳуқуқ баланд нишон додани натиҷаҳои кори худ дар мубориза бо терроризм як амри муқаррарӣ шудааст? Ба вижа бо таваҷҷуҳ ба ин ки  дар ин қазия сухан дар бораи як маблағи хеле ночиз  –  ҳамагӣ 550 рубл меравад, ки баробари 7 доллари амрикоист ва ҷавони тоҷик ҳатто ин маблағи ночизро ҳам гӯё дар ду маротиба ба ДОИШ фиристодааст.

Вале акнун ба ин ҷавони тоҷик дар Русия ҳукми воқеии зиндон таҳдид мекунад, чунки чунин мавридҳои барои гӯё интиқоли маблағҳои хурду реза ба ДОИШ зиндонӣ шудани муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар кам нест.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” соли гузашта хабар дода буд, ки додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия дар шаҳри Ростови лаби Дон  рӯзи 29 июни соли 2022 зодаи Тоҷикистон Файзалӣ Ҳалимхоновро бо ҷурми маблағгузории созмони террористии дар Русия мамнӯи “Давлати исломӣ”(ДОИШ)ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро бар асоси мроддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба мусоидат ба фаъолияти террористӣ гунаҳкор шинохт.

 “Додгоҳ муайян кард, ки Ҳалимхонов, ҳангоми дар Волгоград қарор доштанаш ба ҳисоби бонкие, ки ба ӯ як узви ДОИШ дода буд, 3 ҳазор рубл гузарондааст”, – гуфта мешуд дар иттилоияи додгоҳи ҳарбӣ.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар умум беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба доми мубаллиғони гуруҳҳои ба ном “ҷиҳодӣ” афтода, бархеаш ҳатто бо занону кӯдакони худ, ба қавле “хонахез” ба Сурияву Ироқ, ду кишвари ҷангзадаи  Ховари Миёна рафтаанд ва ба саффи созмонҳои террористие, чун ДОИШ пайвастаанд. Машҳуртарини онҳо полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ВКД Тоҷикистон буд, ки дар Ховари Миёна то ба мақоми “вазири ҷанг” дар ба ном “ҳукумати ДОИШ” расид.

 Ба ҳисоби мақомоти тоҷик, беш аз 500 нафар аз ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ кушта шуда, ҳоло 500 зану кӯдаки онҳо дар он ду кишвари ҷангзада дар боздошт қарор доранд. Мақомоти Тоҷикистон як қисми кӯдакони тоҷикро аз Ховари Миёна оварданд ва ҳоло талош доранд, то  занону кӯдакони тоҷики боқимондаро ҳам ба Ватан баргардонанд.

Дар Душанбе бар ин назаранд, ки аксари ин ҷангҷӯёни тоҷик маҳз дар давраи дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанашон ба доми фиреби мубаллиғони гуруҳҳои ифротӣ афтодаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ низ мегӯянд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия ба далели беҳуқуқӣ ва вазъи риққатбори кору зиндагиашон тӯъмаи осоне барои мубаллиғони ақидаҳои ифротӣ мешаванд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ иддаои мақомоти амниятии Русия дар бораи боздошти даҳҳо муҳоҷир бо иттиҳомоти терроризму тундгароиро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, мавридҳое фаровоне сабт шудааст, ки мақомоти амниятии Русия барои баланд нишон додани натиҷаҳои муборизаи худ бо терроризму тундгароӣ муҳоҷирони беҳуқуқро бо парвандаҳои бофтаю сохта дастгир ва бо ҷурми терроризм маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button