ВидеоЧеҳраҳоҶомеа

ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН БА СЕ ЯТИМИ КУЛ АЗ ЯК ОИЛА ХОНАИ НАВ ТӮҲФА КАРД (7 АКС)

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, вакили маҷлиси шаҳри Душанбе ва раҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил”, ки бо амалҳои хайри худ ном баровардааст, рӯзи 23 марти соли 2023, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон ва рӯзҳои иди Наврӯз ба се ятими кул аз як оила дар деҳаи Сӯфиёни ҷамоати Абдулло Абдулвосиев дар канори шаҳри Ваҳдат манзили нави истиқоматӣ тақдим кардааст.  Дар ин бора бо нашри аксҳои зиёд аз ҷараёни маросими тақдими ин хона хабаргузории двлатии “Ховар” хабар дод.  

Бино ба иттилои хабарнигорони “Ховар” Рустам Ҷамилзода ва Тоҳирҷони Саид, ин манзили истиқоматие, ки ба се ятими кул туҳфа шуд, аз 4 ҳуҷра, долон, ошхона ва ҳаммом иборат буда, бар асоси тарҳи замонавӣ бунёд ёфтааст ва бо тамоми таҷҳизоти зарурии муосири барои пешбурди рӯзгор лозим таъмин мебошад. Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ҳамчунин ин се ятими кулро бо сару либос ва барои як муддат бо маводи хӯрокворӣ низ таъмин кардааст.

Ҳамчунин, ин соҳибкори дастбахайр ҷиҳати харидории симчӯбҳои оҳанин барои бо нерӯи барқ таъмин намудани деҳаи Сӯфиён харидории симчӯбҳои оҳанӣ 6600 сомонӣ  пул ҷудо кардааст.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов бо амалҳои хайри худ шуҳрат дорад. Ӯ аз ҷумла дар ҳар иди Рамазону Қурбон ва идҳои дигар барои дастпарварони ятимхонаҳо, тифлони маъюб, сарбозон дастурхонҳои идона ташкил карда, барои оилаҳои ниёзманд кумакҳои хайрия ҷудо мекунад.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ҳамин тавр, дар солҳои охир тақрибан ба 20 оилаи ниёзманд хонаву дар туҳфа кардааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ҳар рӯз даҳҳо нафари ниёзманд бо умед дар назди корхонаи Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов дар шаҳри Душанбе ҷамъ мешаванд ва ин соҳибкори дастбахайр кӯшиш мекунад, то ягон кас аз дари ӯ ноумед наравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button