ВидеоТоҷикистонҲодиса

АСАРОТИ ЗАМИНЛАРЗА: ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БЕШ АЗ 700 ХОНА ВАЙРОН ВА БЕШ АЗ 120 САР ЧОРВО НОБУД ШУДААНД

Бино ба маълумоти фавриии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки рӯзи 23 марти соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук журналист Назаралӣ Пирназаров нашр кард, дар натиҷаи заминларзҳои шаб ва субҳи 23 март сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар шимоли ҷумҳурӣ хисороти ҷиддӣ дидаанд.

Аз ҷумла, бар асоси ин маълумоти Ҳилоли Аҳмар, дар деҳаи Палдораки ҷамоати Лангар тақрибан 300 хона вайрон шуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтаанд,. Сокинони Палдорак шабро дар берун, аз ҷумла дар мошинҳо рӯз кардаанд. Дар Палдорак ҳудуди 50 сар чорво нобуд шудааст.

Дар деҳаи Дашти миёна 14 хона хисороти ҷиддӣ дида, ҳудуди 50 сар гову гӯсфанду буз ва аспри мардум  ҳалок шудаанд.

Дар деҳаи Пакшев 58 хона вайрон шуда, 22 сар гову гӯсфанду аспони сокинон нобуд шудаанд.

Ҳамчунин бино ба иттилои Ҳилоли Аҳмар, дар шаҳраки Ярм 30 хона, дар шаҳраки Демнора 120 хона ва дар шаҳраки Роғ 200 хона бар асари заминларза вайрон шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтаанд.

Хотиррасон мекунем, ки ин ҳанӯз арзёбиҳои муқаддамотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аст. Мақомоти расмӣ дар бораи ҳаҷми хисорот ҳанӯз ягон маълумот надодаанд.

Шаб ва субҳи 23 марти соли 2023 Тоҷикистонро ду заминларзаи шадид такон дод.

Заминларзаи аввал шаби 23 март, соати 01:07 ба вақти Тоҷикистон ба амал омад. Зилзиланигорони тоҷик мегӯянд, маркази ҷунбиши қишри замин дар 132-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва дар 50-километрии шимолу ғарби Рашт ва дар 96-километрии шаҳри Хуҷанд дар деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  ҷойгир шуда, замин дар умқи 11-километр ларзидааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, қувваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд. Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ шиддати ин заминларзаро 5,9 балл баровард кардаанд.

Субҳи 23 март, соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ боз як заминларза ба амал омад, ки қувваи он 4,8 баллро ташкил дод. Маркази ҷунбиши қишри замин ин дафъа низ дар 6-7-километрии деҳаи  Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир шуда буд.

Субҳи 23 март хабар омад, ки барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шаб ва субҳи 23 марти соли 2023 Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.  Ин комиссия таҳти роҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзода Комиссияи ҷумҳуриявӣ бояд ҳаҷми хисороти заминларзаро муайян кунад. Сарвазир Расулзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони масъул алакай ба хотири боздид аз маконҳои зарардида дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қарор доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button