ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ЗАМИНЛАРЗАИ АХИР ДАР ПОКИСТОНУ АФҒОНИСТОН ДАСТИКАМ 13 КУШТА ВА ДАҲҲО ЗАХМӢ БАР ҶОЙ ГУЗОШТ

Бар асари заминларзаи шаби 21 марти соли 2023, ки ин офати табииро дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин дар Афғонистону Покистон ва Ҳинд эҳсос карданд, дастикам 13 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Сомонаи покистонии The News  хабар дод, ки бар асари ин офати табиӣ дар вилояти Хайбар Пахтунхва 9 нафар ҷони худро аз даст дода, 44 нафар захмӣ шудаанд. Ҳалокати 9 нафар ва захмӣ шудани 44 нафарро Абдулбосит ном як мақоми баландпоя дар ҳукумати ин вилоят низ дар мусоҳиба бо хабаргузории Ройтерс тасдиқ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Шафиуллоҳ Гандапур, сардори пулиси дараи Свот гуфтааст, ки як духтари 13сола дар Мадён бар асари фурӯ рафтани девори хонаашон ба ҳалокат расидааст. Як духтари дигари хурдсол дар Абботобод, бино ба хабарҳо,  ҳангоми заминларза аз тарс дилкаф шуда, ҷон бохтааст.

Шафиуллоҳ Гандапур дар ҳамин ҳол, шумораи захмиён танҳо дар Свотро 150 нафар баршумурд.

Гуфта мешавад, бисёриҳо дар Покистон бар асари фурӯ рафтани бом ё деворҳои хонаҳояшон  ҷон бохтаанд ва ҳазорон нафар аз сокинон чӣ дар Покистон ва чӣ дар Афғонистон шаби гузаштаро аз тарси такрори заминларза дар кӯча рӯз кардаанд.

Билол Каримӣ, яке аз сухангӯёни ҳукумати Толибон рӯзи 22 март бо истинод ба маълумоти вазорати тандурустии Афғонистон хабар дод, ки бар асари заминларзаи шаби гузашта дар ин кишвар 4 нафар ба шаҳодат расида, ҳудуди 70 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сухангӯи Толибон мушаххас накард, ки ин афрод дар кадом қисматҳои Афғонистон ҳалок ё захмӣ шудаанд?

Аз Тоҷикистон дар бораи кадом қурбонӣ ё хисороте бар асари ин офати табиӣ гузориш нашудааст, вале заминларзаи шадиди шаби 21 мартро дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ эҳсос карданд ва дар инҷо низ ҳазорон нафар аз тарси ҷон ба кӯчаҳо баромаданд.

Зилзиланигорони тоҷик шиддати заминларзаи шаби 21 мартро дар марказаш, вилояти Қундузи Афғонистон 7 балл ва дар Душанбе 5 балл баровард карданд.  Марказҳои зилзиланигории Покистон аввал шиддати заминларзаро 7,7 балл эълон карданд, вале баъдан гуфтанд, ки замин бо шиддати 6,8 балл ларзидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button