ВидеоМуҳоҷирон

ПАРВАНДАИ “ОТЕЛЛОИ ТОҶИК” ХУШНУД (РОМАН) ҲАМРОЕВ БА ДОДГОҲ РАФТ

Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 21 марти соли 2023 хабар дод, ки парвандаи қатли бераҳмонаи духтари мактабхонаи 17-соларо, ки моҳи июли соли 2022 аз сӯи дӯстписари тоҷикаш кушта шуд, ба баррасӣ гирифтааст. Шаҳрванди 27-солаи Тоҷикикистон Хушнуд Ҳамроев, ки худро дар ҳамаҷо ҳамчун Роман Ҳамроев муаррифӣ мекард, бар асоси моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия ба куштор, бар асоси моддаи 119 ба таҳдиди куштор ва бар асоси моддаи 117 ба азобу уқубат айбдор мешавад.

Хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Совет дар иттилоияаш гуфт: “Бо қарори додгоҳ аз 21 марти соли 2023 муҳлати ҳабси Ҳамроеву Х.Х. то 13 сентябри соли 2023 тамдид карда шуд. Мурофиаи ин парванда дар пушти дарҳои баста рӯзи 20 апрели соли 2023 оғоз меёбад”.

Тавре “Бомдод” қаблан хабар дод, як марди 27-солаи зодаи Тоҷикистон бо номи Роман Ҳамроев (дар асл Хушнуд Ҳамроев) рӯзи 27 июли соли 2022 дар шаҳри Новосибирски Русия бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи маъшуқаи собиқаш Анастасия, духтари 17-солаи мактабхон аз шаҳри бо Новосибирск ҳамсояи Бердск, дастгир шуд. Лаҳзаи ин кушторро, ки шаби 26 июли соли 2022 дар кӯчаи Лесосечная дар маҳаллаи Нижняя Елтсовкаи ноҳияи Совет, дар канораҳои ҷанубии Новосибирск, ҳамагӣ 16 километр дуртар аз Бердск рӯй дод, як ронандае, ки он шаб тасодуфан дар онҷо буд, тавонистааст бо видеорегистратори мошинаш сабт кунад.

Ин ронанда ва ҳам ронандаи як таксии дигари раҳгузар, ки шоҳиди бераҳмона маъшуқаашро куштани Ҳамроев шуданд, дар он лаҳза аз тарс натавонистаанд, ки ба кумаки ҷабрдида биоянд. Дар сабт дида мешавад, ки ҷавон бо зарбаи корд духтарро дар рӯи роҳ ба замин меафтонад  ва баъди афтиданаш низ ба бадани ӯ бо корд зарба задан мегирад. Баъди тамом кардани кори духтар, он ҷавон тавассути ҷангале, ки дар канори роҳ буд, фирор мекунад.

Баъди рафтани ӯ он ду ронандаи шоҳид ба пеши духтар мешитобанд, вале ӯ алакай дар ҷои ҳодиса ҷон дода буд. Ташхис баъдан дар бадани ӯ 17 захми кордро пайдо кардааст.

Шахсияти гумонбаршавандаро пулис бар асоси сабти видеорегистратори мошини роҳгузар, ки далели шайъии асосӣ дар ин парванда шуд, зуд муайян кард. Ӯ Хушнуд (Роман) Ҳамроев, дӯстписари собиқи Анастасия буда, 27 сол доштааст ва қаблан ҳам, дар соли 2019 барои латтукӯб ва таҳдиди куштани як дӯстдухтари қаблиаш ба ҳабс гирифта шуда, ним солро дар СИЗО ба сар бурда буд.

Хушнуд (Роман) он шаб баъди куштани Анастасия пои пиёда 25 километр роҳро тай карда, худро ба бозори Хилокский расондааст ва аз ҳамватанони бозорнишинаш пурсидааст, ки оё чӣ гуна метавонад тарки Русия карда, ба Тоҷикистон фирор кунад? Вале савдогарони бозор, ки акси Ҳамроевро алакай дар эълонҳои пулис дида буданд, аз девори каҷ ҳазар гуфта,  дар бораи дар куҷо будани вай ба пулис хабар додаанд.

Роман Ҳамроев дар фурӯшгоҳи “Мария-Ра”, дар наздикии бозори Хилокский ба ҳайси ҳаммол (грузчик) кор мекард ва дар наздикии маҳалли куштор иҷора менишаст. Духтари кушташуда Анастасия Р. аз шаҳри Бердск буд ва дар яке аз мактабҳои ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск, дар наздикии маҳалли қатлаш таҳсил мекард. 

Гуфта мешуд, ки Роман Ҳамроев ба  Настя рашки беандоза доштааст ва дар заминаи рашк ӯро куштааст. Канали Mash | Мэш бо истинод ба дугонаҳои Настя хабар дода буд, ки Роман гӯё Настяро доим мезад, вале ӯ аз тарси таҳдидҳои ин ҷавон аз вай ҷудо шуда наметавонист. Ҳамон шаб духтар билохира ба Роман аз қатъи муносибатҳояшон хабар медиҳад, ки ин боиси кушта шуданаш мешавад.

Он вақт ба зидди кормандони пулис низ бо иттиҳоми хунукназарӣ парванда кушода буданд. Модари духтар гуфт, ки онҳо ба пулис дар бораи таҳдидҳои Роман ба Настя ва ӯро заданаш шикоят карда буданд, вале пулис чорае надид ва ин хунукназарӣ дар ниҳоят ба куштор анҷомид.

Хушнуд Ҳамроев дар як ҷаласаи додгоҳӣ баъди боздошташ ба хабарнигорон гуфт, Анастасияи хеле дӯст медошт ва ӯро барои хиёнат куштааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, аз кори кардааш пушаймон аст.

Анастасия Р. моҳи майи соли 2022, ҳамагӣ ду моҳ пеш аз қатлаш ба синни 17 расида буд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button