ВидеоМуҳоҷирон

МУСОДИРАИ 62 ҚУТТӢ АТР АЗ БАҒОЧИ ЯК МУСОФИРИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ НИЖНЕВАРТОВСК (АКС)

Кормандони боҷхона (гумрук)дар фурудгоҳи шаҳри Нижневартовск дар шимоли Русия аз бағочи як мусофир аз Тоҷикистон 62 қуттӣ атри равғанин пайдо кардаанд. Кормандони боҷхона ба ин ки чунин миқдори зиёди атриёт барои истифодаи шахсии як нафар бошад, шубҳа карданд ва онро моли тиҷоратӣ донистанд, ки бояд дар боҷхона барояш ҳатман эъломия пур карда мешуд.

Шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, ки пур кардани эъломияро фаромӯш кардааст. Вале бо ин вуҷуд ҳамаи 62 қуттӣ атрро дар боҷхона мусодира кардаанд ва ба  дасти мусофири “фаромӯшхотир” ба ҷои атриёташ протокол дар бораи қонуншикании маъмуриро супурдаанд.

Хадамоти матбуоти раёсати боҷхонаи минтақаи Тюмен дар шарҳи ин қазия гуфт: “Дар ин робита парванда дар бораи қонуншикании маъмурӣ боз карда шудааст. Додгоҳ қарор қабул кард, ки ҳамагӣ 62 қуттӣ атри аз мусофир гирифташуда мусодира гардида, сипас нобуд карда шавад”.

Ба ин тартиб, мусофири тоҷик нафақат 62 қуттӣ атрашро аз даст дод, балки барои дар боҷхона эълом накардани молҳои бо худ овардааш бояд акнун ҷарима ҳам бисупорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button