ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ҲИНДУСТОН АЗ УММОН ҲАБСУ ИСТИРДОДИ ЗОКИР НАЙКРО ТАЛАБ КАРД

Бино ба навиштаи матбуоти Ҳиндустон, мақомоти Деҳлӣ аз cалтанати Уммон хостаанд, то Зокир Найк, як воизи машҳур, вале зиддунақизи мусалмонро боздошт ва ба Ҳиндустон истирдод кунад.

Қарор аст, ин воизи машҳур рӯзи панҷшанбе, 23 марти соли 2023,дар рӯзи аввали моҳи Рамазон ба Уммон сафар карда, дар ин кишвари арабӣ ду нишаст барпо кунад.

Бино ба навиштаи расонаҳои ҳиндӣ, дар робита ба боздошт ва истирдоди Найк ба Ҳиндустон, консулгарии Ҳинд ба мақомоти дахлдори Уммон дар тамос шудаанд.

Инчунин вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон низ сафири Уммон дар Деҳлиро даъват намуда,бо масъалаи боздошт ва истирдоди ин воизи шинохтаро дар байн гузоштааст.

Зокир Найк шаҳрванди Ҳиндустон буда, аз соли 2017 инҷониб дар зери пайгарди пулиси Ҳинд қарор дорад.  Мақомоти Ҳиндустон Зокир Найкро ба “пулшӯӣ” ва “терроризм” муттаҳам мекунанд. Вале Зокир Найк ин иттиҳомотро қабул надорад. Ӯ баъд аз таҳти таъқиб қарор гирифтанаш дар соли 2017 Ҳиндустонро тарк намуд ва чанд сол боз дар Малайзия зиндагӣ мекунад.

Қабл аз ин дар соли 2010 Британия ва Канада ба Зокир Найк иҷозаи вуруд ба хоки худро надода буданд. Аммо дар соли 2022 дар остонаи Ҷоми ҷаҳонии футбол давлати Қатар аз Найк даъват карда буд, то бо ҳаводорони футбол дар мавриди дини Ислом сӯҳбат кунад. 

Зокир Найк 18 -уми октябри соли 1965 дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи Мумбай дохил шуда, дар ин донишгоҳ дипломи табиби ҷарроҳро ба даст овард. Вале пас аз вохӯрӣ бо воизи шинохта, муассиси Маркази байналмилалии даъвати исломӣ Аҳмад Дидат  дар соли 1987 кори табибиро канор гузошт ва фаъолиятҳои динӣ гузашт. Зокир Найкро баъзан “Дидати сонӣ” низ меноманд.

Зокир Найк  дар мавъизаҳояш ин ақидаро таблиғ мекунад, ки “ҳар як мусалмон бояд ба атрофиёни худ роҳи дурусти Исломи дур аз ширку сиёсатро таблиғ кунад ва бо ин роҳ пеши роҳи исломбадбиниро бигирад”.

Бархӯрдҳо ба  мавъизаҳои ин рӯҳонӣ гуногун аст, вале дар умум, ӯ тамошобини зиёд дорад. Суҳбатҳо ва маҳфилҳои Зокир Найк дар чандин шабакаҳои моҳворавии телевизионӣ бо забонҳои мухталиф пахш карда мешавад. Ҳамчунин ӯ телевизиони шахсии худро бо номи Peace TV дорост.

Дар соли 2015 Зокир Найк барои хидматҳояша дар роҳи Ислом аз ҷониби малики Арабистон Саудӣ ба маблағи 200 ҳазор доллари ИМА ва як ҷоизаи тиллоии вазнаш 200 грамм тиллоӣ сарфароз гардонида шуда буд. Баъзе аз расонаҳо навишта буданд, ки шоҳи Арабистон ҳатто ба ӯ шаҳрвандии ин кишварро низ додааст, вале то ба ҳол ин хабар расман тасдиқ нашудааст.

Зокир Найкро дар Тоҷикистон низ мешиносанд ва суханрониҳои ӯро дар Интернет ва каналҳои моҳвораӣ асосан бо забонҳои форсӣ ва ё русӣ гӯш мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button