ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

“ПОЙГА” КАРДАНӢ ШУД… ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РӮЗИ ИДИ НАВРӮЗ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 22.03.2023

Рух додани се садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

38

21-уми марти соли 2023, тахминан соати 03:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Қурбоналиев Далер Хушвахтович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Ҳоҷӣ Шариф ба самти беморхонаи клиникии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Кароматулло Негматуллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Қурбонов К.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 21-уми марти соли 2023, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Королла”, Каримов Абдуғаффор Додхуҷаевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Москва ба самти ҷамоати деҳоти Қаҳрамон, ҳангоми сабқат кардан ба автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, таҳти идораи ронанда, Бозоров Бегназар Тошмуродович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисми пеши автомашина дучархарон Боронов Ҷумахон Рустамович, соли таваллудаш 1958 ва Каримов Абдулмумин Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1978, сокинони ноҳияи Ҳамадониро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Боронов Ҷ.Р. ва Каримов А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
21-уми марти соли 2023, тахминан соати 05:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДАФ», Шарифов Маҳмадрофӣ Латифович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 20-500 роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кулоб-Хоруғ ба автомашинаи тамғаи «Опел Астра», таҳти идораи ронанда, Мӯяков Файзалӣ Мараҳимович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», Муяков Ф.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани якчанд ҳолати дуздӣ

134

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи ноябри соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Инчунин, номбурда санаи 20-уми марти соли 2023, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 31-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button