ВидеоҲуқуқи инсон

АБДУСАТТОР ПИРМУҲАММАДЗОДА ГУФТ, ШАРОИТ ДАР МАҲБАСИ ХУҶАНД ТОҚАТФАРСОСТ

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, журналисти тоҷик, ки моҳи декабри соли 2022 ба 7 соли зиндон маҳкум шуд ва аз 4 март дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд адои ҳукм мекунад, хостори интиқолаш ба ягон маҳбаси дигар шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ рӯзи 21 марти соли 2023 аз қавли наздикони ӯ хабар дод.  Пирмуҳаммадзода ба наздиконаш, ки рӯзи 17 марти соли 2023 аз ӯ дар маҳбаси Хуҷанд аёдат кардаанл, шароитро дар ин маҳбас тоқатфарсо номидааст.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода аз қавли бародараш Абдусаттор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар як утоқи зиндон тақрибан 60 маҳбусро нигоҳ медоранд.

“Ба сардори сарраёсати зиндонҳои вазорати адлия Мансур Умаров, нома навишта, мехоҳем, ба маҳбасҳои наздик ба Душанбе биоранд,” – гуфтааст  бародари журналисти зиндонӣ.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар вақти мулоқот бо наздиконаш ҳамчунин гуфтааст, шароити маҳбас бемории менингит (варами майнаи сар)-ашро боз ҳам сахттар кардааст: “Лоғар шудааст. Мегӯяд, обе, ки барои маҳбусҳо меоранд, қобили истифода нест.”

Кӯшишҳои Озодӣ барои суҳбат бо масъулони маҳбаси Хуҷанд натиҷа надодааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 26 декабри соли 2022 дар як мурофиаи пушти дарҳои баста, ки дар бинои СИЗО ё боздоштгоҳи №1 шаҳри Душанбе доир шуд,  Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2)  ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Худи Пирмуҳаммадзода қаблан ин иттиҳомро шадидан рад карда, дар як нома аз боздоштгоҳ навишта буд, ки зери фишори шиканҷа маҷбур шуда буд, ки “иттиҳоми бофтаву сохтаи мақомотро ба дӯш бигирад”.

Ӯ ҳамчунин навишта буд, ки ба мустақилияти додгоҳҳои Тоҷикистон бовар надорад ва хуб медонад, ки ҳукми ӯ ҳанӯз пеш аз боздошташ “дар долонҳои ҳукумат навишта шудааст”.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 44 сол ва 4 фарзанд дошта, қаблан дар радиои “Садои Душанбе” кор мекард. Номи ӯ моҳи ноябри соли 2020 замоне вирди забонҳо шуд, ки бо нашри як видео дар Рӯзи президент аз бедодгариҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ронандагони такси шикоят кард.

Пирмуҳаммадзода  дар аввали моҳи июли соли 2022, дар пайи нашри чанд муроҷиатнома бо талаби озодии журналистони мустақил Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки 15 июн ба ҳабс гирифта шуданд, аз ҷониби маъмурони УБОП дар манзилаш дар канори шаҳри Ваҳдат дастгир шуд. Маъмурони УБОП аз Ваҳдат баробари ӯ Завқибек Саидаминиро, ки ӯ ҳам бо талаби озодии Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ садо баланд карда буд, дастгир карданд.

Аз ин чор нафар Далери Имомалӣ ба 10 сол, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳ ва Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода ба 7солӣ маҳкум шуданд. Мурофиаҳои ҳамаи онҳо дар бинои СИЗО пушти дарҳои баста ва бе иштироки аҳли ҷомиа ва журналистон доир шуданд.

Дар умум дар моҳҳои охир дар Тоҷикистон беш аз 10 блогеру журналист ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гардида, ин боис шуд, ки ҳомиёни ҳуқуқ Тоҷикистонро “кишвари зиндони журналистҳо” биноманд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот ҳукми журналистону блогерҳои зиндонишудаи тоҷикро ғайриодилона номида, чандин бор аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки ҳамаи журналистҳои боздошту зиндонишударо озод карда, таъқиби матбуотро бас кунад. Душанбе то кунун ба ин даъватҳо ягон посух надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Кишваршинос, сиёсатшинос, академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Методи кишварҳои худкома паёмест барои касоне, ки дар озодӣ ҳастанд:
    Касоне, ки аз “шароити сиёсӣ”-и кишвар шиква мекунанд, вақте ба зиндон андохта мешаванд, шароити зиндон барои онҳо махсус тоқатфарсо карда мешавад, то ки онҳо аз дохили зиндон ба “шароити сиёсӣ”-и кишвар “салавот”бифиристанд!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button