ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ БАЙНИ ДАҲҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР МАСКАВ

Дар минтақаи Нижнии Мнёвники дар қисмати ғарбии шаҳри Маскав бо иштироки беш аз 50 муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон занозании гуруҳӣ рух додааст. Дар ин бора Телеграм-канали База хабар дод. Бино ба иттилои ин нашрия, ин занозанӣ бо истифода аз арматураву болғаҳо рӯзи 18 марти соли 2023 рӯй дода, сабабаш ин будааст, ки коргарони сохтмони маҷтамаи биноҳои истиқоматии гаронбаҳои “Остров” (“Ҷазира”) натавонистанд …  вақти тановули хӯрокро байни худ тақсим кунанд. “База” менависад, ки коргарон аз Ӯзбекистон мехостанд якум шуда хӯрокашонро бихӯранд, вале коргарон аз Тоҷикистон бо ин розӣ набуданд ва мехостанд онҳо якум бошанд. Дар натиҷа, ду тараф ба ифоқа расида натавонистанд ва муҳоҷирон аз гиребони якдигар гирифтанд.

Дар натиҷаи ин занозании гуруҳӣ чанд нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шуданд. Пулис ба ҷои ҳодиса расида, даҳҳо тан аз иштирокчиёни занозаниро дастгир кард. Ба ин дастгиршудагон акнун нафақат хатари аз даст додани ҷои кор, балки ихроҷ аз Русия бо манъи бозгашт ба ин кишвар барои солҳои зиёд таҳдид мекунад.

Маҷтамаи биноҳои истиқоматии “Остров” як иншооти гаронбаҳо, ё ба қавли маъруф, бизнес-класс ба шумор меравад ва сохтмони онро ширкати бузурги “Донстрой” якҷо бо ширкати турқии “АНТ Япӣ Санайӣ ве тиҷарет Аноним Ширкети” бар дӯш доранд.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Дар поёни соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд!

Дар пайи ин сели ихроҷҳо занозаниҳо байни муҳоҷирон дар шаҳрҳои Русия хеле коҳиш ёфт, вале ҳоло низ гоҳ гоҳ чунин занозаниҳо рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button