ВидеоНомаҳо ба президентСиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НЮ-ЙОРК РАФТ. ОППОЗИТСИЯ РОЗӢ НЕСТ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 20 марти соли 2023 барои иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар кард.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷиктистон хабар дод, ки дар фурудгоҳи Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро  раисони ҳарду маҷлиси парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел кардаанд.  Бино ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, ёрдамчиёни президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо Аъзамшоҳ Шарифӣ ва Асадулло Раҳмон, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва подшоҳи Ҳолланд Виллем-Александр ба ҳайси ҳамраисони анҷумани оби Созмони Милал дар Ню-Йорк интихоб шудаанд.

Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст, бо нашри як изҳорот хабар дод, ки ин  сафари президенти Тоҷикистон то 29 марти соли 2023 давом мекунад ва қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар пайи иштирок дар анҷумани Созмони Милал аз чанд кишвари Аврупо, аз ҷумла аз Олмону Британия низ боздид кунад. Паймони миллӣ бо мазаммат аз ин ки кишварҳои асоси бунёдиашон арзишҳои демократӣба сафари Эмомалӣ Раҳмон иҷозат додаанд, гуфт, ин сафар дар ҳоле доир мешавад, ки аз саркӯби хунини эътирозҳо дар Бадахшон як сол ҳам нагузаштааст ва “дар соатҳо ва дақиқаҳое, ки Раҳмон дар кишварҳои озод истиқбол мешавад, дар зиндонҳои вай ба шиканҷаи садҳо дигарандешон идома хоҳанд дод”.

“Аммо Раҳмон ин сафарашро чун шавоҳиди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматаш ба намоиш мегузорад”, – бо изҳори таассуф гуфтааст дар изҳороташ Паймони миллӣ.

Ин эътилофи мухолифини тоҷик, ки соли 2018 дар Аврупо таъсис ёфта, дар ҳамон ҷо амал мекунад, дар идомаи изҳороташ бештар ба рад шудани дархостҳои паноҳандагии мухолифин ва дигарандешони тоҷик дар кишварҳои Аврупо ва таҳдиди ихроҷи онҳо пардохта, аз ҷумла аз қазияҳои Ҳизбулло Шовализода ва Абдуллоҳи Шамсиддин ёдовар шудааст.

Паймони миллӣ аз ҷаҳони озод даъват кардааст, ки “минбаъд низ дар қонунигардонии режимҳои худкома саҳм нагузоранд, ба онҳо дар таъқиби дигарандешон кумак накунанд ва ба ин васила ба онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои зиддибашарӣ ва поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чароғи сабз нишон надиҳанд”.

Эмомалӣ Раҳмон 70 сол дошта, аз поёни соли 1992, инак беш аз 30 сол боз ба Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Дар соли 2016 бо тасвиби як қонуни вижа ба Эмомалӣ Раҳмон расман мақоми “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шуд. Ин мақом ба ӯ ҳақ медиҳад, ки ба сурати бемаҳдуд номзадиашро ба президентӣ пешбарӣ кунад.

Тарафдоронаш мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нуқта гузошта, кишварашро аз хатари нобудӣ ва парокандашавӣ наҷот дод ва баъди ҳазор сол аз суқути давлати Сомониён давлатдории тоҷиконро барқарор карда, барои рушду ободии кишвар хидматҳои арзандае кардааст. Онҳо аз ҷумла бунёди чандин роҳу нақбу пул ва биноҳои муосир дар Душанберо аз маҳсули фаъолияти ӯ номида мегӯянд, симои Душанбе дар замони раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон комилан тағйир ёфт ва ба Дубай монанд шуд.

 Аммо мухолифонаш Эмомалӣ Раҳмонро ба сохтани як низоми худкомаи олуда ба фасод, тақсими мансабҳои калидӣ ва тиҷоратҳои пурфоида дар байни фарзандону домодҳо ва хешу табораш, саркӯбу зиндонӣ кардани дигарандешон, ҷорӣ кардани шахспарастӣ ва нотавонӣ дар таъмин кардани мардумаш бо ҷои кор ва нирӯи барқ айбдор мекунанд ва мегӯянд, то ҳол садҳо ҳазор аз сокинони Тоҷикистон маҷбуранд ҳар сол барои мардикорӣ ба Русия бираванд ва тирамоҳу зимистон ба сокинон дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Зи афрангисанам бегонатар шав
    Ки паймонаш намеарзад ба як чав

    Ба хамин Афрангихо бовар кардед?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button