ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ХИТОЙ МОҲИ МАЙ “НАҚШАИ БУЗУРГ”-АШ БАРОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗИРО ЭЪЛОН МЕКУНАД

Моҳи майи соли 2023 дар Хитой (Чин) нахустин саммити “Чин ва Осиёи Марказӣ” доир мешавад ва дар ҷараёни он Пекин мехоҳад як “ нақшаи бузурги рушди муносибатҳои байни Чин ва Осиёи Марказӣ”-ро бо роҳбарони ин минтақа дар миён гузорад.

Дар ин бора рӯзи 20 марти соли 2023 раиси Ҷумҳурии халқии Чин Си Ҷинпинг дар барқияи худ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.

Си Ҷинпинг дар ин паём, ки ба муносибати иди Наврӯз ба ҳамтои тоҷикаш фиристодааст, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ба ид табрик гуфта, аз “як қатор тавофуқоти муҳим” дар  охирин мулоқоташон, ки моҳи сентябри соли 2022 дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай дар Самарқанд доир шуда буд, низ ёдовар шудааст.

Раҳбари Хитой  дар идомаи паёми худ ҳамтои тоҷикашро итминон додааст, ки “ман ба густариши муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям”. Си Ҷинпинг Эмомалӣ Раҳмонро барои пазируфтани даъват барои иштирок ба саммити якуми “Чин ва Осиёи Марказӣ” ва барои анҷоми сафари давлатӣ ба Хитой дар моҳи майи соли равон истиқбол карда, навиштааст: “Интизор дорам, ки бо мақсади пешбурди ҳамкории дуҷониба ба марҳалаи ҷадид мо бо Шумо нақшаи бузурги рушди муносибатҳои байни Чин ва Осиёи Марказӣ, Чин ва Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор диҳем”.

Тафсилоти дигари ин “нақшаи бузурги Хитой барои Осиёи Марказӣ” нашр нашудааст.

Вале Хитой алакай ба як сармоягузори асосии кишварҳои ин минтақа табдил ёфтааст. Бино ба иттилооти дарёфтӣ, аз зиёда аз 3 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон тақрибан нисфаш, яъне ҳудуди якуним миллиард доллараш қарзҳои Хитой аст. Қарзи Қирғизистон аз Пекин дар давру бари 1,8 миллиард доллар рақам зада шуда, қарзи Ӯзбекистон аз Хитой алакай аз 4 миллиард доллар гузаштааст ва Қазоқистон, бузургтарин иқтисоди минтақа низ аз ин “аждаҳои Осиё” алакай беш аз 10 миллиард доллар қарздор шудааст. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Туркманистон соли 2021 эълон карда буд, ки тамоми қарзҳои Хитойро баргардондааст. Вале тасдиқи дурустии ин иддао тавассути манобеи мустақил бино бар кишвари хеле пӯшида будани Туркманистон имкон надорад.

Бисёре аз коршиносон бар инанд, ки Русия дар ботлоқи ҷанги бемаънӣ ба зидди Украина сахт ва барои муддати тӯлонӣ фурӯ рафта, хеле заиф шудааст ва дигар тавони гирифтани пеши роҳи густариши боз ҳам бештари нуфуз ва ҷои пои Хитойро дар Осиёи Марказӣ надорад. Русия аз миёнаҳои асри 19 Осиёи Марказиро қаламрави нуфузи истисноии худ мешумурд ва ба ҳар навъ талоши дар ин паҳно ҷои по ҷустани қудратҳои дигар рашк ва мамониат мекард. Русия ҳатто баъди фурӯпошии СССР низ ин қаламравро минтақаи нуфузи таърихии худ медонист ва бо касе онро тақсим карданӣ набуд. Маскав ба кӯшиши бозигарони дигар барои роҳ ёфтан ба Осиёи Марказӣ муқовимат нишон медод, вале Хитой дар ин байн тавонист бо истифода аз ихтилофоти байни Русияву Ғарб барои вуруд ба ин майдон имкон биёбад ва дар як муддати кӯтоҳ бо фурӯ рехтани сели сармоягузориҳо ва қарзҳо кишварҳои Осиёи Марказиро дар чоҳи қарзҳои худ бияндозад.

Мақомоти Тоҷикистон қарзу сармоягузориҳои Хитойро барои таъмини рушди иқтисоди ҷумҳурӣ муҳим шумурда, аз он истиқбол мекарданд. Як мақоми баландпоя дар Душанбе ҳатто аз Пекин тавсиф карда буд, ки ба фарқ аз Бонки ҷаҳонӣ ё Сандуқи байналмилалии пул барои дарёфти қарзҳояш шартҳои вазнин намегузорад. Вале коршиносон қарзҳои Хитойро “истеъморӣ” мешуморанд ва аз он бим доранд, ки агар фардо кишварҳои Осиёи Марказӣ ин қарзҳоро баргардонда натавонанд, маҷбур мешаванд, бахше аз истиқлолияти худ ё ҳатто қисме аз қаламравашонро дар ихтиёри  ин “аждаҳои Осиё” бигузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button