ВидеоИқтисодТоҷикистонҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

10 СОЛИ БЕАДОЛАТӢ: ЗАЙД САИДОВ ДАР МАҲБАС БА СИННИ 65 РАСИД

Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва соҳибкори хушноми тоҷик рӯзи 20 марти соли 2023 ба синни 65 расид. Зайд Саидов инак 10 сол боз зодрӯзҳояшро дар пушти панҷара, дар маҳбас ҷашн мегирад. То поёни ҳукми ӯ боз 19 соли дигар боқӣ мондааст…

Зайд Саидовро 19 майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси як ҳизби сиёсии нав бо номи Тоҷикистони нав боздошт карданд ва дар маҷмӯъ ба 29 соли зиндон маҳкум карданд. Аз ибтидо аксар ин ҳукмро сиёсӣ ва ноодилона мехонданд ва ҳатто додрасе, ки ҳукми охирини Зайд Саидовро содир кард, шармидаву гунаҳкорона гуфта буд, “Зайд Шерович, чӣ кор кунем, ки тақозои замона ҳамин аст…”

Дар соли 2018 ду ниҳоди муътабари Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Кумитаи ҳуқуқи инсон,  ҳукми зиндони Зайд Саидовро ғайриқонунӣ номиданд ва аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ӯро озод карда, барои солҳои дар зиндонаш пасисаркардааш ба Зайд Саидов ҷуброн пардохт кунад. Вале қарори Созмони Милалро ҳам дар Душанбе касе ба инобат нагирифт.

Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Нуробод ба дунё омада ва соли 1983 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои 1984-1983 сармуҳандиси корхонаи “Ритуал”-и Душанбе, солҳои 1987- 1988 сардори бахши қаннодии корхонаи кулчапазиву қаннодии пойтахт, сипас то соли 1991 сардори коргоҳи коркарди сангҳои мармари ширкати “Промстройматериали” ва солҳои1991-1992 раҳбари корхонаи коркарди санги мармар “Лаъл” буд.

Вақте нирӯҳои Фронти халқӣ дар поёни соли 1992 вориди Душанбе шуданд, манзили Зайд Саидовро дар кӯчаи Қаротегин оташ заданд. Худи ӯ тавонист наҷот биёбад ва ба Маскав фирор кунад. Зайд Саидов дар солҳои ҳиҷрат ба яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик дар Маскав ва Русия  табдил ёфт ва дар музокироти сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин низ ширкат кард. Баъди имзои созишномаи сулҳ, соли 1998 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи барои мухолифин ҷудошуда Зайд Саидов раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Зайд Саидов аз соли 2002 то 2006 вазири саноати Тоҷикистон буд ва баъди рафтанаш аз ин мақом ширкати “Тоҷсохтмон”-ро ташкил дод.

Ин ширкат ба яке аз ширкатҳои пештоз дар бозори сохтмони кишвар табдил ёфт ва чандин бинои муҳташам дар пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла “Душанбе – Плаза”, ки бо 22 қабаташ баландтарин бино дар шаҳри Душанбе дониста мешуд, бинои нави мактаби рақами 8, меҳмонхонаи “Гулистон-Тур” ва дафтари марказии ширкати”TCell”-ро ширкатҳои сохтмонии марбут ба Зайд Саидов сохтаанд.

Зайд Саидов моҳи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва ибтидо ба 26 ва дар ниҳоят ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.

 Худи ӯ борҳо боздошту ҳукми зиндонашро сиёсӣ номида, ба азмаш барои сохтани ҳизби сиёсӣ рабт додааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ Зайд Саидовро маҳбуси сиёсӣ меноманд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ангезаҳои сиёсӣ доштани ҳукми ӯро рад мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Раиси ҳизби навтаъсиси “Тағйири Тоҷикистон” Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    То замоне, ки коммунистҳо сари қудрат ҳастанд, озодӣ ва демократия дар ин кишварҳо намеғунҷад. 40-соли умри эмомалӣ дар замони шӯравӣ сипарӣ шудааст, он ҳам дар колхоз. Падари ман муллои маҳалла аст, вале мегӯяд сталин ягон касро накуштааст. Дар хуну пӯсту гушту устухони насли шӯравӣ озодӣ ва демократия “вирус” аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button