Муҳоҷирон

ҚАРИБ НИСФИ ДОМОДҲОИ АРӮСҲОИ ХОРИҶӢ ДАР НИЖНЕВАРТОВСК АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААНД

Соли 2022 дар шаҳри Нижневартовски Русия 252 издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирифтааст. Қариб нисфи ин никоҳҳо — 118 ақди никоҳ  — бо шаҳрвандони Тоҷикистон баста шудааст. Ҳамчунин,  41 ақди никоҳ дар Нижневартовск бо зодагони Ӯзбекистон, 37 издивоҷ бо зодагони Озарбойҷон ва 29 ақд бо муҳоҷирони қирғиз сурат гирифтааст.

 “Дар 9 маврид сокинони Нижневартовск бо шаҳрвандони Қазоқистон ва дар 6 маврид бо шаҳрвандони Украина издивоҷ кардаанд. 4 ақди никоҳ бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷаи дур – – Куба, Исроил, Туркия ва Марокаш баста шудааст”, — хабар дод рӯзи 19 марти соли 2023  нашрияи маҳаллии “Местное время”.

Шаҳри Нижневартовск бо наздики 300 ҳазор аҳолӣ дар ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси – Югра дар Шимоли дури Русия, ки бо иқлими қаҳратунаш фарқ мекунад, ҷойгир шудааст. Муҳоҷирон дар ин ҷо бештар дар бозору сохтмон ва ҳамчунин дар ширкатҳои нафту газ кор мекунанд.

 “Местное время” чанде пеш хабар дода буд, ки дар соли 2022 дар ҳавзаи Югра номҳои аз ҳама маъруфе, ки волидон ба фарзандони худ доданд, Муҳаммад ва София будаанд. Бино ба омори идораи ЗАГСи ин минтақа, дар соли гузашта 319 кӯдаки дар Югра ба дунё омадаро Муҳаммад ва наздики 300 духтари навзодро София ном кардаанд. Исми Паёмбари Ислом маъруфтарин исм дар ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад ва дар саросари ҷаҳон беш аз 150 миллион нафар номи Муҳаммадро доранд.

Муҳоҷирони зиёде дар Русия ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани ҳаққи иқомат ва дар оянда ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз никоҳ бо сокинони Русия, аз ҷумла аз никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар ин авохир додгоҳҳои Русия  даҳҳо никоҳи шаҳрвандони Русия бо муҳоҷирони хориҷиро қалбакӣ дониста, бекор кардаанд.

Аз ҷумла ахиран дар ҳамин  минтақаи Югра, дар шаҳри Нефтеюганск додгоҳ никоҳи як марди зодаи Тоҷикистон бо як зани маҳаллии аз домод 45 сол калонро бекор кард. Додситонӣ гуфт, ин издивоҷ на ба хотири ташкили оила, балки ба хотири ҳамвор кардани роҳи муҳоҷири тоҷик барои гирифтани ҳаққи иқомат ва баъдан дарёфти шаҳрвандии Русия сурат гирифтааст.

Дар солҳои охир дар никоҳҳои байналмилалӣ дар Русия як раванди дигар низ рӯ ба афзоиш овардааст. Шумораи арӯсон ва домодҳо аз кишварҳои асосии муҳоҷирфирист дар инҷо аз он ҳисоб ҳам меафзояд, ки бисёре аз муҳоҷироне, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, ва фарзандони ин муҳоҷирон ба ҳамватанҳои худ издивоҷ мекунанд. Ин ҷуфтҳо маъмулан барои осонтар кардани шароити будубоши баъдии домод ё арӯс дар Русия кӯшиш мекунанд, ки ақди никоҳи худро дар идораҳои ЗАГСи ин кишвар расмӣ кунанд, на дар кишварҳои зодгоҳашон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button