ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

НАХУСТИН БОЗДИДИ ПУТИН АЗ ШАҲРИ АЗ СӮИ РУСИЯ ИШҒОЛШУДАИ МАРИУПОЛ (ВИДЕО)

 Кремл хабар дод, ки президенти Русия Владимир Путин шаби 17 марти соли 2023 аз шаҳри бандарии Мариупол дар шарқи Украина, ки моҳи майи соли 2022 аз ҷониби нирӯҳои Русия ишғол шудааст, боздид кард.

Бино ба иттилои расмӣ,  Путин бо чархбол то Мариупол омад ва сипас худаш пушти чанбари фармони мошин нишаста, ҳамроҳи муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин дар кӯчаҳои шаҳр “сайругашт” кардааст.

Ин нахустин сафари Путин ба қаламравҳое буд, ки Русия дар ҷараёни ҷанги 24 феврали соли 2022 ба зидди Украина ишғол кард. Қаблан хабар омада буд, ки Путин рӯзи 17 март, дар солгарди нӯҳуми ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз шаҳри Севастопол, як бандари бузург дар ҷануби ин нимҷазира низ боздид кардааст.

 Кремл хабар дод, ки президенти Русия Владимир Путин шаби 17 марти соли 2023 аз шаҳри бандарии Мариупол дар шарқи Украина, ки моҳи майи соли 2022 аз ҷониби нирӯҳои Русия ишғол шудааст, боздид кард.

Бино ба иттилои расмӣ,  Путин бо чархбол то Мариупол омад ва сипас худаш пушти чанбари фармони мошин нишаста, ҳамроҳи муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин дар кӯчаҳои шаҳр “сайругашт” кардааст.

Ин нахустин сафари Путин ба қаламравҳое буд, ки Русия дар ҷараёни ҷанги 24 феврали соли 2022 ба зидди Украина ишғол кард. Қаблан хабар омада буд, ки Путин рӯзи 17 март, дар солгарди нӯҳуми ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз шаҳри Севастопол, як бандари бузург дар ҷануби ин нимҷазира низ боздид кардааст.

<script async src=”https://telegram.org/js/telegram-widget.js?21″ data-telegram-post=”rbc_news/70500″ data-width=”100%”></script>

Дар сомонаи Кремл сафари ӯ ба Мариупол чунин гузориш шудааст:  “Владимир Путин бо чархбол ба Мариупол омада, савори мошин аз чанд минтақаи шаҳр, қисмати соҳили баҳр, бинои театр ва маконҳои ёдгорӣ дидан кард… Дар маҳаллаи Невский ӯ бо сокинони маҳаллӣ суҳбат карда, бо даъвати як хонавода саре ба хонаи онҳо ҳам зад…”

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки Путин бо Ҳуснуллин масъалаи қарзҳо барои барқарор кардани шаҳрро баррасӣ карда, сипас аз бинои филармонияи Мариупол боздид мекунад.

Ҳамчунин шабакаҳои давлатии Русия лаҳзаҳои суҳбати Путин бо сокинони Мариуполро нашр карданд.

Нашрияи “Вёрстка” дар видеоҳои нашршуда бинои истиқоматии “Невский” ва як сокини воқеии Мариуполро мушаххас кардааст.

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, баъди боздид аз Мариупол Путин ба шаҳри Ростови лаби Дон рафта, дар онҷо бо фармондеҳони “амалиёти ҳарбӣ” мулоқот кардааст.

Ин нахустин сафари Путин ба сарзаминҳои дар як соли охир ишғолшуда буд.

Артиши Русия Мариуполро моҳи майи соли 2022, дар пайи ҷангҳои шадид ва бомбаборони харобиовари шаҳр ишғол кард. Ба ҳисоби Созмони Милал, дар ин ҷангҳо то 90% биноҳои баландошёна ва то 60% хонаҳои шахсӣ хароб карда шуданд.

То ҷанг дар Мариупол 426 ҳазор кас зиндагӣ мекард. Дар ҷараёни муҳосираи шаҳр дастикам 25 ҳазор сокини Мариупол кушта ва 350 ҳазор нафар гуреза шуданд.

Филармонияе, ки Путин аз он дидан кард, дар кунҷи хиёбони Металлургҳо ва кӯчаи Италянская ҷойгир шуда, қаблан қасри фарҳанги “Маркохим” ном ва ба корхонаи бузурги “Азовстал” тааллуқ дошт. Мақомоти Украина соли 2018 дар инҷо филармонияи вилояти Донетскро ташкил карданд, чунки филармонияи қаблӣ дар шаҳри Донется ба дасти ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия афтода буд.

Дар ҷараёни ҷангҳои барои Мариупол бинои филармония осеби ҷиддӣ надид ва тобистони соли 2022 мақомоти ҷумҳурии худхондаи “ДНР” гуфтанд, ки ин биноро тармим мекунанд ва додгоҳи мудофеони асируфтодаи Мариуполро дар инҷо доир хоҳанд кард. Ба ин мақсад дар толори филармония сохтани панҷараҳои махсус барои нигоҳ доштани асирон низ сар шуда буд, вале дар ниҳоят Путин асирони Мариуполро бо Виктор Медведчук, як сиёсатмадори украинии рӯ ба Маскав иваз кард ва ин додгоҳ доир нашуд.

Сафари Путин ба сарзаминҳои ишғолшудаи Украина ҳамагӣ як рӯз баъди судури ҳукми боздошти ӯ ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия Мария Лвова-Белова аз сӯи Додгоҳи байналмилалии Гаага сурат гирифт. Ин додгоҳ Путин ва он зердасташро дар маҷбуран ба Русия бурдани ҳазорон кӯдак аз сарзаминҳои ишғолшуда, аз ҷумла аз Мариупол гунаҳкор мекунад.

Бар асоси гузоришҳои канали «Настоящее Время» ва бахши русии ББС  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Раиси ҳизби “Тағйири Тоҷикистон Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзодаи Ҳамадонӣ гуяд:

    Дар арафаи сафари давлатии раиси чин сӣ ба маскав! Хитой ба путин пешниҳод кардааст, ки қабл аз мулоқот бо сӣ ба минтақаҳои шарқии украина ташриф оварад ва аз ҳолати кунунии вазъи инсонӣ дар маҳалли даргириҳо ба ҷаҳониён паёми мусбате бидиҳад, то хитой ба чашми аҳли олам чун кишвари ҷонибдори путини вайронкор ҷилва нагардад??!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button