Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ 1120 СИЛОҲИ САРД: КОРДУ КАСТЕТУ БИТА ВА ТАБАРРО НЕСТУ НОБУД КАРДАНД (3 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки рӯзи 17 марти соли 2023  бо ташкили комиссияи махсус ва бар асоси қарори дахлдор беш аз 1100 силоҳи сарди дар тӯли соли 2022  дар пойтахти Тоҷикистон ёфт ва мусодирашударо несту нобуд ва корношоям гардондаанд.

Дар иттилоияи милитсия гуфта мешавад, ки давоми соли 2022 дар ҷараёни баргузории амалиёти шартии «Корд» дар пойтахт аз ноболиғону ҷавонон дар умум 1120 адад силоҳи сард аз ҷумла: 766 адад корд, 335 кастет, 14 дастчӯб (бита), 4 электрошокер ва як табар дарёфту мусодира гардида, нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи қонунгузорӣ дар асоси қарорҳои додгоҳҳои чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шудааст.

Амалиёти “Корд” дар Душанбе “бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард ва бо худ гардонидани предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда” аз соли 2018 ба ин тараф идома дошта, милитсия мегӯяд, “маҳз дар натиҷаи ин чораандешии мақомоти милитсия сол то сол сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, махсусан ҷиноятҳое, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мегарданд, ба сӯи коҳишёбӣ тамоюл дорад”.  Аз ҷумла, бино ба омори расмии РВКД пойтахт, дар соли 2022 сатҳи ҷинояткории ноболиғон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба андозаи 14,4%, махсусан содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ аз ҷониби ноболиғон ба андозаи 46,1% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон дар соли сипаригардида амалҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонон низ 17,7% камтар содир шудааст.

  Милитсияи пойтахти Тоҷикистон ба фаъолони ҷомеа ва шаҳрвандоне, ки бо мақсади аз байн бурдани ин омили номатлуб дар ҷомеа бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намудаанд, изҳори миннатдорӣ карда, гуфт,  амалиёти шартии «Корд» ҳамчунон идома ёфта, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётхои санҷишӣ дар байни наврасон минбаъд низ гузаронида мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button