Рӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗАИ ЧОРБАЛЛӢ ДАР НАЗДИКИИ КӮЛИ САРЕЗ

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла пойгоҳи earthquaketrack.com, ки заминларзаҳои  рухдода дар саросари сайёраро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ мекунад, хабар доданд, ки нимаи аввали рӯзи 19 марти соли 2023, соати 11:01 ба вақти Тоҷикистон ( соати 06:01 ба вақти Гринвич) дар шарқи Тоҷикистон, дар наздикии кӯли Сарез боз як заминларзаи иқтидораш 4,1 балл тибқи ҷадвали Рихтер рух додааст. Маркази ин заминларза дар 64-километрии шимолу шарқи маркази ноҳияи бо Хитой ҳаммарзи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шуда, ба маълумоти зилзиланигорон, замин дар умқи 106 километр ларзидааст.

Дар бораи кадом хисорот ё талафоте бар асари ин офати табиӣ гузориш нашудааст.

Дар як ҳафтаи охир ин алакай сеюмин заминларза бо марказаш дар Мурғоб ва атрофи он аст, Дар як моҳи охир дар ин қаламрав 25 заминларза ва дар як соли охир 62 заминларза рух додааст.

Заминларзаи қаблӣ  дар ин қисмати Тоҷикистони шарқӣ бо шиддати 4,7 балл тибқи ҷадвали Рихтер шаби 17 марти соли 2023, соати 23:19 ба вақти маҳаллӣ рух дода, марказаш дар 138-километрии шарқи маркази ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Хитой ҷойгир шуда буд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 1 заминларза,  дар як ҳафтаи охир 6 заминларза, дар як моҳи охир 43 заминларза ва дар як соли охир 228 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардаанд. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи кишвар, дар қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додаанд.

Дар пайи заминларзаҳои пурқурбонию харобиовар дар Туркияву Сурия, ки дар аввали моҳи феврали соли 2023 боиси ҳалокати беш аз 50 ҳазор нафар ва фурӯ рехтани садҳо бино, аз ҷумла биноҳои навбунёд гардид, бисёриҳо то куҷо ба чунин заминларзаҳо сахт тобовар будани хонаҳои бисёрқабатаи солҳои ахир сохташуда дар шаҳрҳои Тоҷикистонро зери шубҳа қарор доданд. Бо дарназардошти сатҳи коррупсия дар кишвар  кам касе ба ин итминони мақомот, ки мегуфтанд, биноҳои Тоҷикистон ба заминларзаи иқтидораш то 9 балл тобоваранд, бовар кард. Бисёриҳо аз ҷумла биноҳои сохтаи раиси Хадамоти алоқа Бег Сабурро мисол меоварданд, ки бар хилофи оддитарин меъёрҳои шаҳрсозӣ  бо маҳсулоти пастсифат сохта шудаанд.

Дар пайи сарусадои зиёд дар ҷомиа Кумитаи сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон аз “комиссия оид ба омӯзиш, таҳлил, баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бино ва иншоотҳои ба истифода додашуда дар давраи солҳои 2018-2022 ва сохтмонашон идомадошта дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд” таъсис дод.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ рӯзи 15 феврали соли 2023 дар мавриди таъсиси гуруҳи корӣ “ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии эҳтимолияти рух додани заминларзаи шадид дар шаҳри Душанбе ва устувории воқеии иншоот ва биноҳои истиқоматии бисёрқабатаи ба истифода дода шуда ва сохтмонашон идомадоштаи пойтахт” амри вижае содир кардааст.

Ин комиссия бояд сифати сохтмонҳои аз соли 2018 ба ин тараф сохташуда ва сохтмонҳои нотамомро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар санҷида, то 10 март дар бораи натиҷаи кори худ маълумотнома пешниҳод мекард. Аксари ин биноҳое, ки дубора таҳти санҷиш қарор мегиранд, аз ҷумла бисёре аз биноҳои сохтаи Бег Сабур, дар вақташ имзоҳои комиссияҳои қабулро ба даст овардаанд ва дар бисёраш алакай мардум зиндагӣ доранд.

То ҳол дар бораи натиҷаи кори ин комиссия ҳисоботи расмие нашр нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button