ВидеоТаърихФарҳангЧеҳраҳо

ЗОДРӮЗИ ТУСТ БЕ ТУ… БАХШИДА БА 65-УМИН ЗОДРӮЗИ ОВОЗХОНИ РАВОНШОД ОЛИМ БОБОЕВ

Агар умр вафояш мекард, Олим Бобоев (Олими Искандарӣ), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, яке аз овозхонҳои қавии поёни асри 20  рӯзи 18 марти соли 2023 ба синни 65 мерасид. Олими Искандарӣ 8 феврали соли 2012, бдар синни ҳамагӣ 54 аз олам чашм пӯшид, вале ин овозхони нотакрор дар ёди мухлисонаш бо садои қавию ҷаззоб ва сели таронаҳои шоҳкор, ки аз худ ба мерос гузошт, боқӣ мемонад. Афсӯс, ки ҷанги харобиовари шаҳрванӣ монеи рушду нумӯи ин ҳунарманди дар воқеъ пуристеъдод шуд ва ӯро дар муҳити барояш танги зодгоҳаш танг кард ва дигар маҷоли парвоз ба саҳнаҳои бузург, ки лаёқаташонро дошту шоистаашон буд, надод…

Олими Искандарӣ 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри Панҷакент дар оилаи ҳунарманд Искандар Бобоев, ки бо тахаллуси Искандари Танбӯрӣ машҳур буд, ба дунё омадааст. Падари ӯ низ аз устодони машҳури Шашмақом буд, ки сабки хоси шашмақомсароӣ дошт.
Олим Бобоев соли 1975 мактаби миёнаи №3 ва соли 1979 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Ӯ дар ин донишкада аз устодоне, чун Барно Исҳоқова, Нерё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов таълим гирифта, дар назди ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов аз рӯи ихтисоси яккахонӣ дарс гирифтааст.
Пас аз хатми донишкада, ӯ 10 сол дар филармонияи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ансамбли этнографии “Ганҷина”, ки роҳбараш ҳунарманди машҳури он даврон Зафари Нозим буд, кор кард. Ӯ баъдан як муддат дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон низ ҳунарнамоӣ кард, вале бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ба Панҷакент баргашт. Олими Искандарӣ дар зодгоҳаш асосанидар тӯю сӯри мардум ҳунарнамоӣ ва хидмат мекард, вале инҷо ба сабаби набуди студияҳои муосир ва имконоти дигари фаннӣ ӯ имкони рушди бештари ҳунарашро пайдо карда натавонист.

Аз Олими Искандарӣ 5 фарзанд: 3 духтар: Адиба, Зайнура, Шамима ва 2 писар: Нусратулло ва Искандаршоҳ ва ҳамчунин даҳҳо таронаи шоҳкор ба ёдгор монд.

Олими Искандарӣ нафақат бо ҳунари волои худ, балки ҳамчунин бо ғурури баланд ва ҳақталошии худ ном бароварда буд.

“Бобоевро дар Панҷакент чун як инсони боғуруру гарданшах мешиносанд. Ӯ нафаре буд, ки рӯирост ва беистиҳола дар ҳама ҳолат аз камбудиҳову нуқсонҳо сухан мекард. Чизе барояш маъқул набошад иҷро намекард. Ба гуфти худ ва хости дилаш амал менамуд”, навишта шудааст дар як матлаб дар бораи Олими Искандарӣ. Ба ақидаи муаллиф, маҳз ҳамин гарданкашӣ ва ғуруру ҳақгӯӣ боис шуд, ки ӯ дар солҳои ҷанг тарки пойтахт кунад ва ба Панҷакент баргардад.

Дар авоили солҳои 2000 ӯро боз ба Душанбе ба кор даъват карданд, вале рӯҳи саркашаш ба муҳити пойтахт тоб наовард ва ӯ боз ба зодгоҳаш баргашту чанд сол “сукут” варзид.

Соли 2006 Олими Искандарӣ боз ба саҳнаи ҳунар баргашт ва консертеро баргузор кард, ки он замон шӯру валвалаи зиёде ба по кард. Дастаи ҳаваскорон аз Панҷакент бо раҳбарии ӯ низ дар озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб” барандаи шоҳҷоиза, яъне Гран При шуд.

Вале ин овозхони шуҳратёрро, ки дар солҳои охири зиндагиаш аз дарди ҷигар ранҷ мекашид, билохира ҳамин дард аз пой афканд ва Олими Искандарӣ 8-уми феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар синни 54 олами фониро падруд гуфт.
Даргузашти Олим Бобевро то кунун як талафоти бузург барои санъати тоҷик медонанд. Ӯро дар вақташ барои кору зиндагӣ ҳатто ба Ӯзбекистон даъват намуда буданд. Вале ӯ напазирифт.
Фурқат Саид, овозхони шинохтаи тоҷик дар як мусоҳибааш бо Би-Би-Си гуфта буд: “Агар Олимро яке аз беҳтарин иҷрокунандагони мусиқии “Шашмақом” дар авохири қарни 20 ва авоили қарни 21 бигӯем, хато намекунем. То ба ҳол овози мардонае дар мусиқии мақом дар Тоҷикистон ба саҳна наомадааст. Ватани худашро, мардуми худашро, хеле дӯст медошт ва аз тоҷик буданаш ифтихор дошт ва ҳамеша оҳангҳои “Шашмақом”-ро тоҷикона мехонд, нолаҳои мусиқии мақомро тоҷикона иҷро мекард…”

Дилбар Бобоева, хоҳари Олими Искандарӣ ба шарафи зодрӯзи 65-уми бародари равоншодаш матлаби пурсӯзеро аз хотироти худ дар  гуруҳи фейсбукии “Панҷакентро дӯст медорам”  нашр кардааст, ки инҷо бароятон меорем:

Дилбар Искандаровна

Бахшида ба 65-умин зодрӯзи Олим Бобоев

ЗОДРӮЗИ ТУСТ БЕ ТУ...

Вакте тағоям аз дунё гузаштанд, аз сӯзишҳову нолаҳои модарам дарёфтам, ки чӣ сангин будааст аз даст додани шахси азиз, хоса бародар. Бехабар аз он ки рӯзе ин фоҷиа ба сари ман хам меояд..

Бародарам, ҳофизи номдор Олим Бобоев бароям гавҳари ноёб, идеали зиндагиям буданд. Ҳар гоҳ ба хонаам меомаданд, гӯё даруни кӯзаҳо гулҳову даруни синаҳо дилҳо мешукуфт. Аммо чи зуд ин гулҳову ин дилҳо аз шукуфтан бозмонда. Сад афсӯс ки боз чандин баҳор омаду ман ҳанӯз чашминтизори омадани ӯстам. Ашк гулӯгирам мешавад. Хотираҳо ба рӯйи ман ханда мезананд.

Тахминан солхои ҳафтодум устод Ҷӯрабек Муродов ба хонаи мо ба мехмонӣ омаданд. Он вақтҳо сими тамбӯру тор камёфт буду падарам онро ба воситаи дӯстонашон аз Самарканд дастрас мекарданд. Он рӯз якчанд тор сим ба устод Ҷӯрабек ҳам доданд. Устод торашонро ҷӯр карданду суруди “Кош дар базми ачам ман дилбаре медоштам”- ро хонданд. Ман давида берун баромада, модарамро ба оғӯш гирифта, гуфтам, ки Ҷӯрабек дар бораи ман суруд хонданд, дар сурудашон номи маро гирифтанд. Ҳама хандиданд. Баъди ин акоям ҳангоми ҳунарнамоӣ дар саҳна, агар дар матни сурудашон калимаи дилбар бошад, маро мекофтанду механдиданд. Ин ишора ба ҳамон хотираҳо буд.

Мо ҳамдигарро бо зодрӯз хеле самимӣ табрик мекардем. Дар зодрӯзи худ он касро бегох интизор мешудам, то дергох менишастему хурсандӣ мекардем. Дар зодрузи он кас ман саҳар мерафтам, ки аллакай чанд кас омадааст ба табрикашону ман каме дертар. Расулов Абдушукур духтури номии шаҳр меҳмони ҳамешагии зодрӯзи он кас буданд. Сад ҳайф, ки духтур низ бармаҳал моро тарк гуфтанду ҳамнишинии бародарамро ихтиёр намуданд.

Аммо дигар мавлуди бародарам бароям гарон аст. Ба табрикашон бо дили садпора сари қабр меравам, танҳо дастагуле туҳфаи зодрӯзӣ ба даст.

Зодрӯзи туст бе ту,

Рӯзи андуҳи гарон аст.

Тори хомӯши ту шоҳид,

Дар сукути ғам фиғон аст.

Зиндагии одии хоксоронае доштанд, бародари ман.

Гуё дар суруди “Халки ман” тамоми ҳаёташон ҷой гирифта бошад. Ин сурудро бисёр гуш мекунам, хотираҳо пеши назар зинда мешаванд. Хонаи мо ҷойгохи ҳофизони номӣ буд. Аз ин сабаб мо ҳофизони зиёди номиро аз наздик дида будем. Рӯзе Барно Исҳоқова овози маро гӯш карда, баҳои баланд дода буданд ва гуфтанд, аз ин сарояндаи хуб мебарояд. Падарам шӯхиомез гуфтанд, аз хонаи булбул як то булбул мебарояд. Албатта, булбули якто гуфта падарам акомро дар назар доштанд. Ҳайф ки ин булбули боғи ҳунар дигар аз наво монд.

Гӯё аз марги худ воқиф буданд, ки пеш аз маргашон гуфтанд: Агар ман мурам, дар сари қабрам ончунон фарёд кун, ки тамоми мазор ба ларза ояд ва он гоҳ ман туро мешунавам, пас ба болои қабр нигар, чӣ гуна хоктӯдахо резон мешаванд, чунки ман ҳам фарёд мекунам. Ҳар боре ба мазорашон меравам, аз дил фарёд мекашам, то шояд як бораки дигар садои акоҷонамро шунавам. Аммо фарёдҳои беҷавоб.

Агар ман ҷойи шумо мемурдам, бароям хеле осонтар буд, чунки пас аз шумо ман ҳар рӯз мемирам, Акоҷон. Аммо ба қавли Саъдӣ, “мурда онест, ки номаш ба накӯӣ набаранд”. Шукри азизон, шукри пайвандон, шукри мухлисон, ки ҳар лаҳзаву ҳар соат номи акоҷони маро ба накӯӣ ёд мекунанд. Пас Шумо намурдаед, Акоҷони ҳунармандам. Номи Шумову ёди Шумо дар дилу дидаҳои мо ҷовидонист!

Дунё ба мисоли тири партофтанист,

Дар ковиши ӯ машав, ки ноёфтанист.

Ҳар чиз бихоҳӣ, ту биёбӣ зи ҷаҳон,

Фарзанди падар меваи ноёфтанист

.

Дилбар Бобоева

Бознашр аз гуруҳи фейсбукии “Панҷакентро дӯст медорам”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button