Дин ва боварҳоҲуқуқи инсон

СОКИНИ ВАҲДАТРО БАРОИ ОШИ ХУДОӢ ДАР ЧИЛИ БАРОДАРАШ ҶАРИМА БАСТААНД

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат сокини деҳаи Лиҷаки ҷамоати Чӯянгарон Идибек Саидовро барои дар маросими чили бародараш дар деҳаи Лиҷак тайёр кардани як дег ош ҷарима бастааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 18 марти соли 2023 дар шарҳи ин қазия гуфт,  “Саидов Идибек Қудратович, дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон, деҳаи Лиҷак бар хилофи талаботи банди 2 моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он маросимҳои “се”, “чил” ва “сол” бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд, амал намуда, санаи 29 январи соли 2023, дар рӯзи якшанбе аз соати 08:00 то соати 11:00, дар манзили истиқоматиаш дар деҳаи Лиҷак дар як дег таоми “ош” тайёр намуда, ҳангоми гузаронидани маросими чили бародараш ба иштирокдорони маросим зиёфат додааст”.

Додситонии кул гуфт, дар пайи ин додситони шаҳри Ваҳдат нисбат ба Идибек Саидов бар асоси қисми аввали моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, бо қарори додгоҳи шаҳри Ваҳдат нисбат ба Саидов И.Қ. ҷазо дар намуди ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 Маркази матбуоти Додситонии кул нагуфт, ки Саидовро чӣ қадар ҷарима бастаанд? Вале қисми якуми моддаи 481 барои вайрон кардани қонуни танзим аз ҷониби шаҳрвандони оддӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи 7480 сомониро пешбинӣ мекунад. Ин банди қонун дар сурати вайрон кардани қонуни танзим нисбат ба шахсони мансабдор ҷаримаҳои боз ҳам сахттан ба андозаи 550 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (37 ҳазору 400 сомонӣ) ва нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ҷарима ба андозаи 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (51 ҳазору 200 сомонӣ)  муқаррар кардааст.

Қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 дар Тоҷикистон қабул карда шуда, соли 2017 талаботи он боз ҳам шадидтар карда шуд, аз ҷумлаи қонунҳои баҳсбарангез дар ин кишвар ба шумор меравад. Мақомот мегӯянд, қонуни танзим имкон дод, ки аҳолӣ хароҷоти беҳударо барои маъракаҳои тӯю худоӣ кам карда, пасандози худро барои корҳои муҳимтаре, чун сохтани хона, таъмини пули таҳсили фарзандон сарф кунанд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонуни танзим барои дасти дарози дахолати давлат дар ҳарими ҳаёти  хусусии мардум шароит фароҳам овард ва бархе бандҳои он, ба мисли манъи даъвати дӯстон ба ҷашни зодрӯз ё маҳдуд кардани шумораи меҳмонону бо мақомот мувофиқа кардани таъомномаи тӯю маъракаҳо, дар замони муосир аз як тараф, хандаовар менамоянд ва аз тарафи дигар, нақзи рӯирости ҳуқуқи инсонии сокинон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Фақеҳи асил, профессор Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффори Ҳамадонӣ гуяд:

    Закот додан зарурӣ аст, садақа додан ихтиёрӣ аст, худоӣ додан зиёдаравӣ аст, мо тоҷикон охириро иҷро мекунем, аз ин хотир халқи тоҷик аксаран фақиру қашшоқанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button