Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯКЕ ДАР МУРҒОБУ ДУЮМӢ ДАР ФАРХОР: ТОҶИКИСТОНРО БОЗ ДУ ЗАМИНЛАРЗА ТАКОН ДОД

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии ҷумҳурӣ, субҳи 18 марти соли 2023, соати 05:01 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба ин манбаъ, маркази заминларза дар 260-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил додааст. Умеда Юсуфӣ хабар дод, ки  бар асари ин офатталафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла пойгоҳи earthquaketrack.com, ки заминларзаҳои  рухдода дар саросари сайёраро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ мекунад, хабар доданд, ки маркази ин заминларзаи соати панҷи субҳи 18 март дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Тахори Афғонистон, дар кӯҳҳои Ҳиндукуш ҷойгир шуда буд. Вале бино ба маълумоти ин марказҳо, иқтидори ин заминларза тибқи ҷадвали Рихтер 4,9 баллро ташкил додааст.

Пойгоҳи earthquaketrack.com хабар дод, ки чанд соат пеш аз ин офат, шаби 17 марти соли 2023, соати 23:19 ба вақти маҳаллӣ боз як заминларзаи дигар бо шиддати 4,7 балл тибқи ҷадвали Рихтер бо марказаш дар 138-километрии шарқи маркази ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон низ рух додааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларза,  дар як ҳафтаи охир 8 заминларза, дар як моҳи охир 43 заминларза ва дар як соли охир 228 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардаанд. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи кишвар, дар қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button