ВидеоМуҳоҷирон

ИХРОҶИ 12 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК АЗ ВИЛОЯТИ КАЛУГА, КИ ВОЛИЯШ “МУҲОҶИРБАДБИН” АСТ (2 АКС)

Идораи приставҳои вилояти Калугаи Русия рӯзи 17 марти соли 2023 хабар дод, ки боз  12 муҳоҷири ғайриқонуниро аз ҳудуди ин вилоят ихроҷ кардаанд. 8 нафари онҳо аз Ӯзбекистон ва 4 тани дигараш аз Тоҷикистон буда, дар интизори депортатсия шуданашон дар боздоштгоҳи муҳоҷирони рӯ ба ихроҷ қарор доштанд. Приставҳо ин 12 нафарро ба як фурудгоҳи шаҳри Маскав оварда, аз ин ҷо ба кишварҳои зодгоҳашон фиристодаанд.  

Идораи приставҳо мегӯяд, ки онҳо дар ҳудуди вилояти Калуга ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекарданд ва ба ин далел, додгоҳ ҳукми ихроҷашон аз қаламрави Русияро содир кардааст. Ин 12 муҳоҷири ихроҷшуда барои 5 соли оянда ҳаққи убури марзҳои Русияро аз даст додаанд.

Дар поёни моҳи январи соли ҷорӣ низ аз ҳамин вилояти Калуга 12 муҳоҷири дигари тоҷику ӯзбекро ихроҷ карда буданд.

Ёдовар мешавем, губернатори ҳозираи вилояти Калуга Владислав Шапша бо сиёсати ошкоро зидди муҳоҷирон ном баровардааст. Дар давраи раҳбарии ӯ мақомоти вилояти Калуга муҳоҷиронро ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду реза дастгир ва ихроҷ мекунанд.

Дар Русия губернаторщоро президент таъйин мекунад. Мутаассифона, солҳои охир президенти Русия Владимир Путин дар чандин вилоят нафарони ошкоро зидди муҳоҷиронро губернатор таъйин кард.

Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё насупурдани пули барқу телефон хеле зиёд шуда, шумори танҳо шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард, вале боз ҳам ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз Русия берун мекунанд.

Барои кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояшон пули аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷири онҳост, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон асосан бо шарофати муҳоҷирон 2,5 миллиард доллар пул фиристода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button