ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ҲУКМИ СОКИНИ ХОРУҒ АБДОЛБЕКОВ, КИ ОШИ ХУДОИИ БОҚИРРО ДОДА БУД, БЕТАҒЙИР МОНД

Додгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шашуним сол ҳукми зиндони Тоҳир Абдолбеков, язнаи яке аз лидерҳои ғайрирасмии ин вилоят Ораз Вазирбековро бетағйир гузошт. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, баррасии шикояти Тоҳир Абдолбеков, раиси собиқи Идораи коммуналии  шаҳри Хоруғ ва собиқ вакили маҷлиси вилоятӣ, рӯзи 15-уми марти соли 2023 паси дарҳои баста гузашт ва ба ҷуз аз вакили дифоъ, ягон нафар аз хешовандонашро ба мурофиа роҳ надодаанд.

Додгоҳи шаҳри Хоруғ моҳи декабри соли 2022 Абдолбековро ба ҷурми “ифротгароӣ” ва “фурӯши маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест” ба шашуним сол зиндон маҳкум карда буд.

Додгоҳи шаҳри Хоруғ моҳи декабри соли 2022 Абдолбековро ба ҷурми “ифротгароӣ” ва “фурӯши маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест” ба шашуним сол зиндон маҳкум карда буд.

Худи Абдолбеков ин иттиҳомотро беасос дониста, баъди қироати ҳукмаш хитоб ба додраси додгоҳи шаҳри Хоруғ гуфта буд: “Маро говсуд кардед!”

Яке аз пайвандони Тоҳир Абдолбеков бе зикри номаш рӯзи 17-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “тамоми ҳуҷҷатҳоро барои исботи бегуноҳии ӯ пешниҳод кардем, вале натанҳо озод нашуд, балки давраи адои ҷазоро поин наоварданд.”

Намояндагони додгоҳи вилояти Бадахшон ин қазияро шарҳ надоданд.

Тоҳир Абдолбеков, шавҳари хоҳари Ораз Вазирбеков, раиси собиқи ЖКХ шаҳри Хоруғ ва вакили собиқи маҷлиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки вақтҳои охир ба тиҷорат машғул буду дар Хоруғ чанд мағоза дошт, моҳи ноябри соли 2022 дастгир ва билофосила ба “ифротгароӣ” ва “ёрӣ расондан ба эътирозгарони Хоруғ” айбдор шуд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Абдолбековро аз ҷумла ба он гунаҳкор мекарданд, ки гӯё оши худоӣ ва дигар маъракаҳои мотами лидерҳои ғайрирасмии кушташудаи Хоруғ, аз ҷумла оши худоии Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабовро додааст. Иттиҳоми дигари зидди ӯ ҳамкорӣ ва тамос бо Алим Шерзамонов, як сиёсатмадори мухолифи зодаи Хоруғ буд. Аммо  Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа, ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад, ин иддаоро рад карда, гуфта буд, бо Тоҳир Абдолбеков на ҳамкорӣ, балки ихтилофи сиёсӣ дошт.

“Абдолбеков узви ҳизби ҳокими халқии демократӣ буд, ман муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон. Дар маъракаҳои сиёсӣ рақиб будем. Вақте узви Маҷлиси вилоятӣ шуд, муносибат боз ҳам бадтар буд. Аз соли 2015 ба ин тараф ҳеч тамосе байни мо вуҷуд надошт,” – гуфта буд Шерзамонов.

Бисёриҳо парвандаи Абдолбековаро ба додарарӯсаш Ораз Вазирбеков рабт медиҳанд. Вазирбеков, ки яке аз раҳбарони пурнуфузи диаспораи помириҳо дар Русия дониста мешуд,  дар поёни моҳи июли соли 2022 дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав  дастгир гардида, ба Душанбе оварда шуд ва дар аввали моҳи ноябр ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Тафсилоти ҳукми ӯ то ҳол расман нашр нашудааст, вале бино ба иттилои ғайрирасмӣ, додгоҳ ӯро ба ифротгароӣ, даъват ба сарнагун кардани ҳукумат ва аз худ кардани кумакҳоти хайрия гунаҳкор шинохтааст. Худи Ораз Вазирбеков дар додгоҳ ин иттиҳомотро рад кардааст.

Моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳ саркӯб карданд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо беш аз 30 нафар кушта шуда, дар пайи он ҳудуди 200 нафар аз зодагони Бадахшон дар худи ин вилоят ва берун аз ҷумҳурӣ дастгир ва аксари онҳо ба солҳои тӯлонӣ маҳкум карда шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯ ба зидди эътирозгарон ва “говсуд” кардани дастгиршудагон айбдор мекунанд, вале мақомот мегӯянд, вилоятро аз гуруҳҳои муташаккилонаи ҷиноятие, ки  гӯё аз “созмонҳои мамнӯи террористӣ дар хориҷ” барои ташкили нооромиҳо дар Бадахшон дастур гирифта буданд, тоза кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button