ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ХАТАРИ ТАРМАЮ СЕЛУ ЯРЧ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 20 МАРТ БОҚИСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 17 марти соли 2023 бо нашри як ҳушдор бо такя ба маълумоти обуҳавошиносон хабар дод, ки бо дарназардошти гармшавии ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва дар ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастикам то 20 март хатари фурӯ рехтани тармаву сангрезу ярч ва сел баланд боқӣ мемонад.

Пешбинӣ мешавад, ки рӯзҳои 19-20 март ба сабаби боришоти эҳтимолӣ сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсӯ, Қизилсӯи ҷанубӣ ва дарёҳое, ки аз қуллаҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баланд шавад ва боиси омадани селҳо гардад.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки чораҳои бехатарии шаxсиро риоя карда, аз сафар ба кӯҳистон, ҷамъоварии гулҳову растаниҳои кӯҳӣ дар ин рӯзҳо худдорӣ кунанд. Аз чӯпонҳо низ хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳо дар наздикӣ ваё дар соҳили дарёҳои кӯҳӣ хайма назананд.

Аз сокинон хоста мешавад, ки ба хотири пешгирӣ аз ҷамъ шудани об ҷӯю каналҳои селпарторо дар назди хонаҳояшон аз пеш тоза кунанд.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои тармазо худдорӣ карда, аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хотирррасон кардаст, ки сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон дар сурати пеш омадани ҳолатҳои фавқулодда ваё ягон ҳодисаи нохуш дар роҳҳо метавоннад бо ин рақамҳо ба навбатдори фаврии ин ниҳод занг бизананд:

+992 93 880 28 19

+992 (37) 221-91-19,

+992 (37) 223-13-11.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button