ВидеоТоҷикистон

ГЕНЕРАЛ ШЕРАЛӢ МИРЗО ТАЛАБ КАРДААСТ, КИ БА “ОБЛАВА” НУҚТА ГУЗОРАНД

Рӯзи 15 марти соли 2023 дар як ҷаласа дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо иштироки  комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  масъалаи омодагиҳо ба мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ баррасӣ шудааст. Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар ин ҷаласа аз масъулони комиссияҳои даъват, бахусус аз кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ хостори “пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват” шудааст. Ин “роҳҳои ғайриқонунӣ” дар Тоҷикистон бо номи “облава” ё “чӯҷабарак” маъруфанд.

Мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон расман аз 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май давом мекунад ва дар давоми он шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

Бино ба гузориши полковник Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар рафти ҷамъомад  бо таҳлилу натиҷагирӣ аз даъватҳои соли қаблӣ таъкид шудааст, ки  “дар радифи як қатор комёбиву пешравиҳои назаррас, ҳамоно фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ боиси нигаронӣ мебошад”.

Полковник Маҳмадализода афзуд, “масоили вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, бо қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузории ҷамъомаду машғулиятҳои нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва диққати аввалиндараҷа равона кардан ба сатҳу  сифати даъвати шаҳрвандон низ яке аз масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷамъомад ба ҳисоб мерафт”.

Ҳар сол Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тақрибан ба 15 ило 16 ҳазор навсарбоз эҳтиёҷ доранд. Аммо бо онки дар Тоҷикистон тақрибан 700 ҳазор ҷавонони синну соли даъватӣ ба сар мебаранд, комиссариатҳои ҳарбӣ дар ҳар мавсим дар иҷрои нақшаи даъват мушкил мекашанд. Бисёре аз хонаводаҳо ҳанӯз то расидани мавсими даъват фарзандони синну соли даъватиашонро ба муҳоҷирати корӣ ба Русия ва кишварҳои дигар мефиристанд, то ки аз бурдани онҳо ба хидмат ҷилавгирӣ кунанд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҳамаи шаҳрвандони ҷинсашон марди синнашон аз 18 то 27 муваззафанд, ки дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ду сол хидмат кунанд. Ахиран барои онҳое, ки майли ду сол адо кардани хидмати ҳарбиро надоранд, шароит фароҳам оварданд, ки бо пардохти маблағи баробари 420 нишондиҳанда ( 28 ҳазору 560 сомонӣ) ҳамагӣ як моҳ ба сурати “экспресс” хидмат карда, билети ҳарбӣ ба даст биоранд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябру ноябр сурат мегирад. Ҳар мавсими даъват дар ҷумҳурӣ ҳамроҳ бо шикоятҳои зиёд дар бораи “облава”, яъне маҷбуран дар кӯчаю бозор ё аз хонаву ҷои дарсу корашон дошта, ба хидмат бурдани ҷавонон ҷараён мегирад. Аммо дар мавсими даъвати ахире, ки моҳҳои октябр ва ноябри соли 2022 сурат гирифт, шикоятҳо аз “облава” хеле камтар буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button