ВидеоДин ва боварҳоНомаҳо ба президент

ТАҚДИМИ 32 ҲАЗОР ТАРҶУМАИ ТОҶИКИИ “ҚУРЪОН” ДАР ТОҶИКИСТОН

Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи расмии Кумитаи дин ва танзими ҷашну анъанаҳои Тоҷикистон, рӯзи 16 марти соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 32000 нусха китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ба нашр расонида шуда, ба таври ройгон ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар тақдим гардид”.

Маҷалла ёдовар шудааст, ки дар гузашта низ дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нусха китоби муқаддаси Қуръон  бо забони тоҷикӣ нашр ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуда буд.

Дар Кумитаи дин ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки ин 32 ҳазор нусха китоби “Қуръон” бо тарҷумаи тоҷикиаш дар чанд марҳала: дафъаи аввал 2 ҳазор нусха ва се дафъаи дигар даҳҳазорӣ нашр шуда, ба далели маҳдуд будани теъдодаш асосан ба масҷидҳо тақсим карда шуд, то ки тамоми намозгузорон аз мутолиаи тарҷумаи тоҷикии ин муқаддастарин китоби мусалмонон баҳра бурда тавонанд.

Дар Тоҷикистон, ки тақрибан 98 фоиз аз 10 миллион аҳолиашро мусалмонон ташкил медиҳанд, дар ҳоли ҳозир беш аз 4 ҳазор масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта амал мекунанд.

Дар Кумитаи дин гуфтанд, ки бо даст додани имконоти молӣ нашр ва тақсими теъдоди бештари китоби “Қуръон” бо тарҷумаи тоҷикиашро низ дар нақша доранд. Гуфта мешавад, як мушкили асосӣ барои чопи теъдоди бештари ин китоби муқаддас камчин будани ба истилоҳ ”қоғази қуръонӣ”, як қоғази махсуси зардест, ки китоби “Қуръон” маъмулан дар ҳамин қоғаз чоп карда мешавад. Ин навъи қоғазро ба Тоҷикистон асосан аз Туркия меоранд.

Нашру тақсими 32 ҳазор китоби “Қуръон” бо тарҷумаи тоҷикиаш дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомоти ин кишвар дар гузоришҳои байналмилалӣ барои саркӯби озодиҳои мазҳабӣ, аз ҷумла ҳуқуқи мусулмонон, ба вижа барои манъи пӯшидани ҳиҷобу сатр, рейдҳои махсуси зидди мардони ришдор, манъи ба масҷид рафтани ноболиғон ва таҳти назорати шадиди мақомот қарор додани фаъолияти имомхатибон пайваста танқид мешаванд. Дар Душанбе ин танқидҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, фаъолияти беш аз 4 ҳазор масҷид дар кишвар худ баёнгари он аст, ки озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон риоя мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button